Намояндаи Чин дар СММ аз “Толибон” хост марги шаҳрвандонашро ҷиддӣ таҳқиқ кунанд
Намояндаи Чин дар Созмони милали муттаҳид (СММ) Фу Кунг, аз ҳукумати Толибон* хоста аст, ки қазияи кушта шудани шаҳрвандони Чин дар марзи Тоҷикистонро “таҳқиқоти ҷиддӣ” анҷом диҳанд.
Фу Кунг 10-уми декабр дар нишасти Шӯрои амнияти СММ дар бораи вазъияти Афғонистон, ки дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор шуд, куштори шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро маҳкум кард.
Намояндаи Чин, ҳамчунин аз Тоҷикистон ва ҳукумати Толибон* хост, ки идораи марзҳои худро тақвият диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз хоки Афғонистон ба чанд ноҳияҳои марзии Тоҷикситон ҳамла сурат гирифт, ки дар натиҷа 5 шаҳрванди Чин кушта ва 5 тани дигар захмӣ шуда буданд.
Тоҷикистон ҳамлаҳо аз хоки Афғонистон ба минтақаҳои наздимарзиашро шадидан маҳкум карда аз ҳукумати Толибон* хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эълон шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ