Нархи Ҳаҷ аниқ шуд, 738 сомонӣ қимматтар аз порсола

Кумитаи дини Тоҷикистон эълон кард, ки имсол нархи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик 33 ҳазору 410 сомониро ташкил хоҳад дод.

Ин назар ба як соли пеш тақрибан 738 сомонӣ гаронтар аст. Имсол аз Тоҷикистон дар маросими Ҳаҷ беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Маккаву Мадина мераванд.

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониҳо барои мавсими «Ҳаҷ-2018”-ро муайян намуд, ки он 33 ҳазору 410 сомониро ташкил медиҳад.

32 ҳазору 671 сомонию 89 дирам,

Ба маблағи зикршуда хароҷоти зер дохил мешавад:

  1. Чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт)
  2. Иқомат ва будубош дар Маккаи мукаррама
  3. Таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки гарм дар Макка ва Мадина.
  4. Таъмини ҳоҷиён бо хурок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа.
  5. Таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ.
  6. Иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот.
  7. Пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён.
  8. Таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда – Макка – Мино – Арафот – Муздалифа – Мино – Макка – Мадина.
  9. Пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ
  10. Таъмини ҳоҷиён бо пизишкони баландихтисос дар мавсими ҳаҷ
  11. Ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина
  12. Таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ.
  13. Таъмини ҳоҷиён бо 5 л. оби Зам-зам аснои бозгашт ба Ватан.
  14. Таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *