Тоҷикистон дар ҷои сеюм, “Ватан ҷоест, ки озораш набошад?”

Бино ба омори расмии ВКД Русия, тайи се моҳи аввали соли 2018 боз 7797 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Соли гузашта, бино ба омори расмӣ, 29039 зодаи Тоҷикистон соҳиби шиносномаи шаҳрванди Русия шуда буд. Дар ҳоли ҳозир 127 ҳазор шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Русия соҳиби РВП ё ҳаққи иқомат буда, низ дар навбати гирифтани шаҳрвандии он кишвар истодаанд.Вазорати корҳои дохилии Русия дар сомонааш омори расмӣ дар бораи ҷараёни муҳоҷират ба ин кишвар дар семоҳаи аввали соли 2018-ро нашр кард. Бар асоси ин омор, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 7797 зодаи Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд. ВКД Русия қаблан хабар дода буд, ки дар соли 2017 ба 29039 зодаи Тоҷикистон шиносномаи Русия дода шудааст.Зодагони Тоҷикистон дар ин мусобиқаи ғайрирасмии даст ёфтан ба шаҳрвандии Русия танҳо аз Украина ва Қазоқистон қафо монда, дар ҷои сеюм қарор доранд.Бино ба омори расмии ВКД Русия, дар семоҳаи аввали соли равон 19427 шаҳрванди Украина, 10857 зодаи Қазоқистон, 6235 нафар аз Арманистон, 4962 зодаи Ӯзбекистон, 3784 нафар аз Молдова, 2530 зодаи Озарбойҷон 2212 нафар аз Қирғизистон ва 1014 нафар аз Беларус низ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Барои  даст ёфтан ба шаҳрвандии Русия дар байни кишварҳои пасошӯравӣ аз ҳама ақиб – Гурҷистону Туркманистонанд, ки мутаносибан 525 ва 1195 зодаи ин ду кишвар дар семоҳаи аввали соли 2018 соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.Омори расмии ВКД Русия нишон медиҳад, ки фақат дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 482897 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия худро сабти ном кардаанд. Аз ин шумор 234 ҳазор нафар гуфтаанд, ки барои кор кардан омадаанд. Дар айни замон дар моҳҳои январ-март 258600 шаҳрванди Тоҷикистон тарки Русия кардаанд. Бино ба ин манбаъ, дар семоҳаи аввали сол мақомоти Русия ба 9142 шаҳрванди Тоҷикистон РВП – разрешение на временное пребывание ё иҷозатнома барои иқомати муваққат ва ба 4688 зодаи дигари Тоҷикистон ВнЖ – вид на жительство, яъне ҳаққи иқомат додаанд. Дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 62760 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия соҳиби РВП ва 64609 шаҳрванди дигари Тоҷикистон ВнЖ доштааст, ки онҳо низ метавонанд дар оянда барои Русия ҳар сол ба 110 ҳазор нафар иҷозатнома барои иқомати муваққат (РВП) ва ба даҳҳо ҳазори дигар ҳаққи иқомат медиҳад. Онҳое, ки соҳиби РВП ё ҳаққи иқомат дар Русия мешаванд, баъди се сол метавонанд барои гирифтани шаҳрвандии ин кишвар ариза диҳанд.Ҳамин тавр, Русия тавассути барномаи «Переселение” ё «Соотечественники” ҳар сол даҳҳо ҳазор нафар, асосан аз қишрҳои таҳсилкарда ва мутахассисро аз кишварҳои собиқи Шӯравӣ барои зиндагии доимӣ ба қаламрави худ мекӯчонад.Танҳо дар соли 2016 барои кӯчидан ба Русия аз тариқи ин барнома ба намояндагиҳои идораи муҳоҷирати Русия дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд 14 000 муроҷиат карда ва аз ин шумор 1850 нафар барои зиндагии доимӣ дар Русия роҳхат гирифтаанд.Ҳар сол дар моҳи январ дар назди намояндагии бахши муҳоҷирати ВКД Русия дар Душанбе фақат барои номнавис кардан ба навбати хоҳишмандони кӯчидан ба Русия садҳо нафар ҷамъ мешаванд. Моҳи январи соли ҷорӣ ин навбати бузургро ҳатто бо ҷалби нирӯҳои ОМОН пароканда карданд.Бино ба ҳисобҳо, аз соли 2000 ба ин тараф тақрибан ним миллион нафар аз зодагони Тоҷикистон сукунати доимӣ дар Русияро ихтиёр карда ва аксари онҳо бо ҷамъи хонаводаҳояшон шаҳрвандии он кишварро ба даст овардаанд.Бар илова, дар солҳои охир шумори онҳое низ дар ҳоли афзоиш аст, ки ба ҷустуҷӯи зиндагии беҳтархудро ба кишварҳои аз Русия низ дуртари Аврупову Амрико мезананд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳиҷрати мардумро ба раванди ҷаҳонишавӣ рабт медиҳанд ва мегӯянд, даршароити дунёи муосир қариб ягон кишвар аз ин раванд берун намондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *