Назарбоеву Мирзиёев   роҳбарони Осиёи Марказиро ба Остона даъват карданд

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон  президентҳои кишварҳои Осиёи Миёнаро барои як нишасти ғайрирасмӣ дар Наврӯзи имсол ба Остона даъват кардааст.​Ерлан Карин, сиёсатшиноси қазоқ ва раиси собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Қазоқистон, мегӯяд, ки яке аз муҳимтарин равандҳои нав дар соли ҷорӣ густариш ёфтани муносибатҳо дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна хоҳад буд.Ӯ рӯзи 30-юми январ гуфт, ки ташаббускори ин нишаст Нурсултон Назарбоев ва Шавкат Мирзиёев ҳастанд. «Қарор аст, дар моҳи март нишасти сарони 5 кишвари Осиёи Миёна дар Қазоқистон доир шавад. Баъд аз соли 2005-ум ин якумин нишасти бевоситаи сарони кишварҳои минтақа хоҳад буд. Ба ҷуз аз вохӯриҳои дуҷониба, дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва ё дар чаҳорчӯби роҳбарони кишварҳои узви ИДМ президентҳои кишварҳои минтақа ягон формати мулоқот надоштанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *