Нигина Рауфова, ҳунарманде, ки бо овозаш дар дилҳо монд (видео)
Имрӯз, 21 май аз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва аз чеҳраҳои маъруфу маҳбуби санъати тоҷик 81 сол сипарӣ мешавад. Агар умр вафо мекард, ин ҳунарманди соҳибсабк ба синни мубораки 81 мерасид.
Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар деҳаи Шерамони ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Фаъолияти ҳунарии худро соли 1971 дар ҳайати ансамбли занонаи рубобнавозон оғоз намуда, баъдан соли 1975 ба Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон пайваст. Ӯ нахуст дар ансамбли “Шашмақом” ва аз соли 1989 то рӯзҳои охири ҳаёташ дар ансамбли “Дарё” фаъолият дошт.
Нигина Рауфова бо овози дилнишин, сабки хос ва маҳорати баланди иҷро миёни мардум маҳбубияти зиёд пайдо карда буд. Ӯ бештар сурудҳои ишқиву лирикии халқӣ ва ҳамчунин офаридаҳои оҳангсозони тоҷикро бо эҳсоси баланд иҷро мекард. Ҳунари ӯ берун аз кишвар низ муаррифӣ гардида, ба кишварҳои Белоруссия, Молдова, Украина, Фаронса, Афғонистон ва Эрон сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.
Ӯ аз ҷумлаи нахустин ҳунармандони зан буд, ки сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистон гардид. Дар он солҳо чунин ҷоизаву унвонҳо бештар ба мардони сарояндаи сурудҳои халқӣ дода мешуданд.
Нигина Рауфова 22 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе бар асари сактаи қалб аз олам даргузашт. Аммо садои гарму сурудҳои дилнишини ӯ то имрӯз дар қалби дӯстдорони санъати тоҷик зиндаву ҷовид боқӣ мондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ