Бузургдошти Лоиқ Шералӣ дар Панҷакент
Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии адабии “Нилуфар” Лоиқ Шералӣ чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Чорабиниҳо субҳи 20-уми май аз деҳаи Мазори Шариф – зодгоҳи шоир оғоз ёфта, дар онҳо раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, адибон, олимон, намояндагони аҳли фарҳанг ва дӯстдорони шеъру адаб иштирок намуданд. Иштирокдорон дар гулгашти ба номи Лоиқ Шералӣ бар пояи ҳайкали шоир гулчанбар гузошта, аз осорхонаи устод Лоиқ ва ёдгории таърихии Мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро, ки ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст, боздид карданд.


Нимаи дуюми рӯз чорабиниҳо дар шаҳри Панҷакент идома ёфтанд. Меҳмонон нахуст дар назди муҷассамаи устод Лоиқ гулгузорӣ намуда, сипас дар Кохи Лоиқ дар конфронси илмӣ-амалӣ ширкат варзиданд. Дар ҳамоиш олимону адибон ва муҳаққиқон аз Душанбе, Хуҷанд ва Самарқанд ширкат намуда, аз нақши арзишманди Лоиқ Шералӣ дар рушди адабиёти миллӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва таҳкими забони тоҷикӣ ёдовар шуданд.
Раиси шаҳри Панҷакент конфронси илмӣ-адабии “Тоҷикистон – мазҳари ман”-ро ҳусни оғоз бахшид. Ӯ таъкид намуд, ки осори мондагори устод Лоиқ ҳамчун оинаи андеша, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ барои насли ҷавон аҳамияти бузурги маънавӣ дорад.


Ҳамчунин, мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи мақомоти вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ паёми табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар паём аз ҷойгоҳи баланди шоир дар адабиёти муосири тоҷик ва саҳми ӯ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ёдоварӣ гардид.
Дар бахши илмӣ ва адабии конфронс донишмандону адибони шинохта, аз ҷумла профессор Абдунабӣ Сатторзода, профессор Аслиддин Қамарзода, ноиби президенти АМИТ Муҳаммаддовуд Саломиён, шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Хайрандеш, инчунин Аҳмадҷон Раҳматзод ва Акбар Абдулло суханронӣ намуда, оид ба таъсири осори Лоиқ Шералӣ ба адабиёти форсизабон ва рушди шеъри муосири тоҷик изҳори назар карданд.




Дар фарҷоми чорабинӣ ба меҳмонон вежаномаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки ба зиндагӣ ва осори Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст, тақдим гардид.
Шоми ҳамин рӯз дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Панҷакент барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Модар яктост, Тоҷикистон яктост” баргузор шуд. Дар он ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ ва аҳли адабу фарҳанг бо иҷрои сурудҳо ва қироати ашъори шоир хотири ҳозиринро болида сохтанд.
Қарор аст, ки рӯзи 21-уми май меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ аз мақбараи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент боздид намоянд.
Одил НОЗИР
Суратгир Суҳроби Зиё,
шаҳри Панҷакент
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ