Рӯзи Иди Қурбон дар Тоҷикистон расман тасдиқ шуд

Сокинони Тоҷикистон имсол Иди сайиди Қурбонро 27-уми май истиқбол мегиранд. Онро қарори маҷлиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз санаи 20-уми майи соли 2026, таҳти рақами 05 расман тасдиқ намудааст.

Мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба руъяти ҳилол Иди сайиди Қурбон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи чоршанбе, 27-уми майи соли 2026 фаро мерасад. Вақти баргузоршавии намози Иди Қурбон соати расо 6 муайян карда шудааст.

Имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки дар ин рӯз дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи ба таври муташаккилона расонидани гӯшти қурбонӣ ва кумакҳои моддӣ ба ятимону бепарасторон, ниёзмандон, танзими идгардаки кўдакон ва зери назорат қарор додани онҳо, пешгирии исрофкориҳо дар рўзи ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.

Ҳамчунин, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, сокинони кишвар дар ин рӯз истироҳат мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *