Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: 43 сокин аз сагҳо зарар дидаанд

Давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 48 саг безарар карда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин муддат 43 сокин аз сагҳо осеб дидаанд.

Каримзода Абдулҳамид, директори Муассисаи назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии ноҳияи Абдурамҳони Ҷомӣ дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки давоми соли равон 43 сокин аз саг зарар дидаанд. Ӯ мегӯяд, ки осеб дидани сокинон назар ба ҳамин давраи соли 2021-ум 16 ҳолат зиёд аст. “Вобаста ба ҳамин масъала 13 нафар шахсони масъули ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, беморхона ва хоҷагии манзилии коммуналӣ беш аз ҳафт ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд. Агар нафаре аз саг зарар бинад ва занҷираи ваксинатсияро пурра риоя накунад, ҳатман ба бемории ҳорӣ гирифтор мешавад. Хушбахтона, дар соли 2021 ва даҳ моҳи соли 2022 касе аз сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба бемории ҳорӣ гирифтор нашудааст”,- афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Олимҷон Солеҳзода, роҳбари Корхонаи фаръии давлатии Хоҷагии манзилии коммуналии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки давоми соли равон 48 саг безарар карда шудааст. Ба таъкиди вай, рӯзҳои наздик боз сагҳои бесоҳиб ва дайду дар маркази ноҳия нест карда мешаванд.

— Сабаби зиёд будани саг дар маркази ноҳия — ин аз дигар маҳаллаҳо овардани сагҳо мебошад. Аксари сокинон сагҳои худро оварда дар марказ мепартоянд. Бо раисони ҷамоат суҳбат кардаем. Онҳо бояд раисони кумитаҳои маҳалро фаҳмонанд, то ҳамин масъала пешгирӣ карда шавад,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.