Ноҳияи Балхӣ: Ноболиғ ҳалок шуд, тафтишот идома дорад
Бар асари садамае дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ як ноболиғ ба ҳалокат расидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ менависад, ки ҳодиса санаи 24-уми январи соли 2023 рух додааст.
Садуллаев Уразали 60-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ. Балхӣ пиёдагарди ноболиғ Сайфиддинова Моҳпочо Зувайдуллоевнаи 7-соларо бо мошин пахш мекунад ва дар натиҷа ноболиғ ба ҳалокат мерасад.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ