Номаи сипос аз Фаронса

Сомонаи “Тоҷикистон таймс” номаи  Масъуди Миршоҳиро ба раиси шаҳри Истаравшан дарёфт кард, ки дар он ӯ  барои  бозсозии қалъаи куҳани Муғтеппа изҳори сипос мекунад ва  матни пурраи ин сипосномаро дар зер мутолиа намоед.

Мӯҳтарам ҷаноби Баҳром Иноятзода, бо дурудҳои бекарон

Инҷониб Масъуд Миршоҳӣ, Раиси анҷумани Рӯдакӣ дар Порис, аз сӯи узви ин анҷумани форсизабонони бурунмарзӣ тасмими беназири Шуморо ки дар зери назари Пешвои Олии тоҷикон — Эмомалӣ Раҳмон, ки бозсозии Қалъаи Муғ дар шаҳри Истаравшан аст, ба Шумову ҳукуматдорон ва мардуми Тоҷикистон табрик ва таҳният мегӯем ва бароятон дар корҳо ва барномаҳое, ки дар пеш доред, орзуҳои муваффақият дорем.

Бозсозии Муғтеппа ва оташкадаи он ин бар асоси сохтори нахустин оташкадаҳои куҳан бино шуда аст, ибтикор аст,ки дар ҳазораҳои таърихӣ хоҳад монд беш аз пеш сабаби сарбаландии мардуми тоҷик ва ба вижа бошандагони шаҳри Истаравшан дар саросари ҷаҳон шудааст. Мо форсизабонони бурунмарзӣ хоҳишмандем, ки шуълаи фари эзадӣ, ёдгории муқаддаси ниёгон дар ҷашнҳои Меҳргон,Сада ва Наврӯз дар ин оташкада фурӯзон гардад ва бошад, ки ҳама фарҳангдӯстон аз саросари ҷаҳон ба шаҳри шумо барои дидани он ташриф оваранд.

Мо ва форсизабонони бурунмарзӣ дар ҷаҳон ба Пешвои миллати Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон ва ҳамчунин ба Шумо шаҳрдори азизи Истаравшан ҷаноби Баҳром Иноятзода ифтихор мекунам ва муваффақият ва пирӯзии Шуморо дар кор ва зиндагӣ бароятон орзумандам.

Иродатманд

Масъуд Миршоҳӣ раиси анҷумани Рӯдакӣ

Дар Порис,Узви анҷумани «Пайванд»,

узви хориҷии АИ Тоҷикистон

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *