Нонпазҳои барқдузд

Вазорати корҳоидохилии Тоҷикистон бархе аз нонпазҳои Душанберо дар дуздии барқ айбдор мекунад.

Бино ба итилои нщоди мазкур, 18-уми декабр дар пайи санҷиши муштарак бо масъулини барқ муайян шуд, ки соҳибкори 55-сола, сокини ноҳияи Сино, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро ба танури нонвойхонааш гузаронидааст: “Дар натиҷа, аз ҷониби ӯ ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори 15,400 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст”.

Ба иттилои манбаъ марди 48-солаи дигар сокини ноҳияи Фирдавсӣ низ бо ин роҳ ба танури нонвойхонааш қувваи барқ гузаронидааст: “Бо ин роҳ ӯ ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори 18,275-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст”.

Хабар дар бораи дуздии барқ аз сӯи нонпазҳо дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дастур дод, ки барои сарфаи нерўи барқ фаъолияти нонвойхонаҳо ва гармобаҳои барқӣ қатъ карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *