Нуқра аз «Хуҷанд», биринҷӣ аз «Помир», «Ҳосилот» афтод

21 октябр дар лигаи олии мамлакат се вохӯрии даври  21-ум баргузор гардид.

Дастаи КМВА «Помир» дар майдони худ бот ими  «Регар-ТадАЗ»и Турсунзода мусовӣ– 1:1 кард. Инчунин бо ҳамин гуна ҳисоб вохӯрии байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба анҷом расид. «Хосилот»-и  Фархор дар сафар аз «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣбо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, аз сои дигар дар Лигаи олӣ бозӣ намекунад.

Тавре сомонаи ФФТ меафзояд,  «Панҷшер» барои роҳхати Лигаи олӣ бо дастаи мақоми дуюмро дар лигаи якум гирифта талош меварзад.

Ҳамин тавр, новобаста аз натиҷаҳои бозиҳои боқимонда  дар Лигаи олӣ ҷойи дуюм ва медалҳои нуқраро «Хуҷанд»-и Хуҷанд ба даст овард. Низомиёни КМВА «Помир» ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷиро ба гардан овехтанд. «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз муҳлат бори шашум унвони Чемпиони Тоҷикистонро соҳибӣ кард.

 Мавқеи дастаҳои Лигаи олӣ пас аз 21 давр

    Б Ғ М Б Т/т    Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 16 13 3 0 50-7   42
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 20 11 4 5 40-17   37
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 20 8 10 2 19-11   34
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 21 6 6 9 22-23   24
5 «Барқчӣ» (Ҳисор) 19 6 5 8 18-23   23
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 21 5 7 9 17-28   22
7 «Панҷшер» (Ҷалолиддини  Балхӣ) 21 5 4 12 25-48   19
8 «Ҳиосилот» (Фархор) 20 4 3 13 15-49   15

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») бо 14 гол, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») бо 9 гол беҳтарин нишонзанҳои мавсим соли 2017 дар Лигаи олӣ ба шумор мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *