Оғози бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ
Даври аввали бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) барои соли 2026 аз 2 март оғоз гардида, то 28 апрел идома мекунад. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Имсол дар 43 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ фаъолият мекунад. Ҳамчунин дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил шудаанд.
Суроғаи нуқтаҳои бақайдгириро метавон аз сомонаи расмии Марказ дастрас кард: www.ntc.tj.
Бақайдгирӣ дар чор давра баргузор мешавад:
– даври аввал: 2 март – 28 апрел;
– даври дуюм: 10 июн – 30 июн (барои довталабоне, ки дар даври аввал сабтином нашудаанд);
– даври сеюм: 29 август – 10 сентябр (дар доираи ҷойҳои холӣ);
– даври чорум: 2 ноябр – 20 ноябр (танҳо барои шаклҳои фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил, дар доираи ҷойҳои холӣ).
Дар ИМД ҳар сокини Тоҷикистон, новобаста аз шаҳрвандӣ, ки хатмкарда ё хатмкунандаи синфҳои 9 ё 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин муассисаҳои ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон ё хориҷ аз кишвар аст, метавонад иштирок намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ