Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии вазирони хориҷии Осиёи Марказӣ бо аъзои Парлумони Британияи Кабир иштирок намуд
Рӯзи 25 феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раис ва аъзои гурӯҳи ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба Осиёи Марказӣ иштирок кард.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳои минтақа ва Подшоҳии Муттаҳида, рушди муколамаи сиёсӣ ва густариши робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ иштирокдоронро бо авлавиятҳои Тоҷикистон дар арсаи минтақавӣ, нақши кишвар дар пешбурди равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ ва ташаббусҳои байналмилалии ҷумҳурӣ шинос намуд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун омили муҳимми рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳои минтақа ва Британияи Кабир нақши муассир доранд.
Вохӯрии мазкур дар фазои созанда баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба изҳор намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохури вазирони хориҷӣ ва аъзои Парлумони Британияи Кабир ширкат намуд
Рӯзи 25 феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, дар вохӯрии якҷояи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раис ва аъзои ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ