Абдунабӣ Сатторзода: Корҳои накардаам аз кардаҳоям зиёдтаранд…
Донишманди маъруфи тоҷик, адабиётшинос, сиёсатшинос ва дипломат Абдунабӣ Сатторзода 85-сола шуд. Ба ин муносибат бо эшон суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури шумо мешавад.
– 85 сол. Ин санаи умрро бо чӣ рӯҳия ва кадом андешаҳо пешвоз мегиред?
– Нахуст, шукр мекунам, ки ба ин синни муборак расидаам. Пасон, байти машҳури Раҳии Муайярӣ ёдам меояд, ки гуфта:
Мӯйи сафедро фалакам ройгон надод,
Ин риштаро ба нақди ҷавонӣ харидаам.
Шиори устод Лоҳутӣ ин буд, ки:
Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
Имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ?
Агар на ҳар шаб аз худ пурсидаам, аммо дар 85-солагӣ бояд дар бораи он андешам, ки дар зиндагӣ барои худ, наздикон ва мардум чӣ коре кардаам, ки аз он розӣ ҳастам? Хидмат ба мардум барои як донишманд ба он маънӣ аст, ки дар илме, ки барои худ интихоб намудааст, чӣ саҳме гузоштааст. Агар аз ин нигоҳ ба фаъолияти худ нигарам, ба қавли маъруф, қаноатманд ҳастам.
Чу Эрон набошад, тани ман мабод…
– Ба наздикӣ дар Эрон будед ва ба нахустин Ҷоизаи адабии байналмилалии Абулмаъонӣ Бедил сазовор гардидед. Сафари шумо ба Эрон ба рӯзҳое рост омад, ки дар он кишвар эътирозот дар авҷ буд. Аз он рӯзҳо бигӯед, зеро дар тасаввури мо намегунҷад, ки кишваре дар марҳилаи ҳассосу душвор қарор дошта бошаду дар чунин шароит аз Бедил ва шеъри ӯ ёд орад ва ҳамоиши байналмилалиро созмон диҳад.
– Камина моҳи гузашта аз 8 то 15-уми январ дар Теҳрон будам. Ман ва ҳиндушиноси маъруфи тоҷик, устоди Донишгоҳи Хуҷанд ба номи аллома Бобоҷон Ғафуров, доктори илми филология хонум Замира Ғаффорӣ барои иштирок дар шашумин ҳамоиши байналмилалии Урси Бедил аз Тоҷикистон даъватӣ будем. Пеш аз сафарамон дар бораи вазъи Эрон дар расонаҳои интернетӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ хабарҳои нигаронкунанда хеле зиёд буданд. Аз нигоҳи онҳо саросари ин кишварро мавҷи эътирозот фаро гирифта, суқути низоми ҳоким наздик мебошад. Барои ҳамин ҳам аксари наздиконамон, дӯстон ва алоқамандонамон маслиҳат медоданд, ки дар чунин шароит аз сафар худдорӣ намоем. Нафаре ба ман гуфт, ки ту ба Эрон хеле сафарҳои зиёд доштӣ, ин дафъа агар наравӣ, касе аз ту хафа нахоҳад шуд. Дигар ин ки, синну солатро фаромӯш накун, Худо накунаду бо ту чизе шавад, хуб нахоҳад шуд. Ба ин нафар гуфтам, ки оре, ҳақ ба ҷониби туст, агар ман наравам, касе аз ман хафа нахоҳад шуд, касе гила нахоҳад кард. Аммо ин чӣ тавр мешавад, ки дар рӯзҳои оромиву осудагии Эрон борҳо сафар карда будаму дар рӯзе, ки Эрон дар чунин вазъи ноороме қарор дорад, дар паҳлуи мардуми ин кишвар набошам? Ва суханони маълуми Фирдавсии бузургро ба ёдаш овардам, ки гуфта буд:
Чу Эрон набошад, тани ман мабод,
Бад-ин буму бар зинда як тан мабод…
Дареғ аст, ки Эрон вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.
Овозаву ҳангомаҳои бардурӯғ будани он чӣ расонаҳо менавиштанду мегуфтанд, маълумамон шуд. Зеро баробари поён шуданамон дар Фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон аз мизбонон як нафар пешвоз гирифту ба таксӣ шинонду барои пешвози меҳмони дигар рафт. Дар масири зиёда аз 100 км роҳ аз фурудгоҳ то ҳутали “Лола” хурдтарин аломатеро, ки Теҳрон ноором бошад, надидем. Худи ҳамон рӯз ба сайри боғи машҳури дар шафати ҳутали “Лола” буда ҳамроҳи ҳайатҳои русӣ ва ӯзбекистонӣ баромадем ва пиёда-пиёда ба манзили устод Фаридуни Ҷунайдӣ рафтем. Дар ҳеч ҷойе нишоне аз вазъи хатарноке ба мушоҳидаамон нарасид. Рӯзи дигар аъзои ҳайати меҳмонон ба хиёбони назди Донишгоҳи Теҳрон рафтанд барои хариди китоб, ҳеч монеае сари роҳашон набуд. Дар тӯли як ҳафтае, ки мо дар Эрон будем, дар рӯзҳои аввали буданамон бегоҳиҳо пас аз соати 8-и шом сарусадоҳое ба меҳмонхона мерасиданд, инҳо эътирозгароне буданд, ки аз назди меҳмонхона гузашта, ба майдони Инқилоб мерафтанд ва эътирозоти хешро иброз медоштанд. Рӯзи 14-уми январ, яъне як рӯз пеш аз бозгаштамон бегоҳӣ ба Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ даъватӣ будем. Раиси муҳтарами он ҷаноби оқои доктор Ҳаддоди Одил ба ифтихори меҳмонони ҳамоиш зиёфате дод. Ҳеч нишоне аз нооромиҳо дар пойтахт ба назар намерасид.
– Ин мавзуи суҳбати мо нест, вале мехоҳам дар чанд ҷумла назаратонро дар мавриди ояндаи Эрон бифаҳмам.
– Ҷанги 12-рӯза бо Исроилу Амрико нишон дод, ки роҳбарони феълии Эрон барои муҳофизати хоки Эрон ва таъмини амнияти кишварашон омодаанд. Барои эътирозоти дохилӣ асос ҳаст: таварруми беш аз ҳади пули миллии кишвар боиси паст шудани сатҳи зиндагии мардум, махсусан аҳли бозор гардид. Ва ин падида омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ дорад. Ва онро роҳбарони имрӯзаи Эрон, аз ҷумла раҳбари аввали он ҷаноби оқои Алии Хоманаӣ ва раисҷумҳури он ҷаноби оқои Масъуди Пизишкиён хуб дарк мекунанд. Онҳо инро борҳо дар суханрониҳояшон ва дар мулоқоташон таъкид карданд ва гуфтанд, ки аз пайи ҳаллу фасли он мушкилиҳо мебошанд. Аммо дар эътирозоти дохилӣ таъсири омили хориҷӣ бештар эҳсос мешавад. Онҳо пайваста мардумро ба эътирозот ташвиқ ва мусоидат ва ҳатто мусаллаҳ мекунанд. Ҳоло вазъ дар Эрон зери назорати ҳукумат ва қувваҳои амниятӣ мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки хатарҳои дохилӣ ва хориҷӣ рафъ шудаанд. Бо таҳдидҳои пайдарпайи раисҷумҳури Арико ва сарвазири Исроил ва ба наздикии сарҳадҳои Эрон кашидани қувваҳои мусаллаҳашон ин хатар бештар мешавад. Аммо дар шароити феълӣ на дар хориҷ ва на дар дохили Эрон аз муътаризон қувваҳое нестанд, ки дар дифои Эрон бархезанд, ба ҷуз ҳукумати феълии Эрон, ки тавони муқовимат ва ҳифзи манфиатҳои миллии онро доранд. Барои ҳамин Эрон пойдор хоҳад монд.
Теъдод ё сифат
– Баргардем ба суҳбати худамон. Дар мусоҳибае, ки чанд сол қабл доштем, гуфта будед, ки “мақоми нақди адабии мо аз назму наср поин нест ва вазъаш ҳам бад нест”. Оё имрӯз ҳам чунин аст?
– Ҷавоби кӯтоҳи ман ин аст, ки имрӯз, хушбахтона, ҳам дар шеър, ҳам дар наср ва ҳам дар нақду адабиётшиносии муосири тоҷик падида ва тамоюлҳои назаррас вуҷуд доранд ва ба ин мавҷуд будани намунаҳои хуби ин навъҳои адабӣ далели муътамад ҳастанд. Аммо аз лиҳози миқдор каманд, ҳам дар шеър, ҳам дар наср ва ҳам дар нақду адабиётшиносии мо.
– Ҳар ҳафта дар Тоҷикистон як ё ду рисолаи номзадӣ дар риштаи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ дифоъ мешавад, вале аз миёни насли ҷавонтар чеҳраҳои таъсиргузор ва шахсиятҳои илмӣ қариб нестанд. Ҳол он ки, шумо, устод Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Расул Ҳодизода, Аълохон Афсаҳзод, Атахон Сайфуллоев, Худоӣ Шариф… ҳанӯз аз ҷавонӣ шуҳрат доштед ва чеҳраҳои таъсиргузор будед…
– Мутаассифона, вазъ ҳамон таврест, ки шумо фармудед. Инро ба ман таҷрибаи чандсолаи фаъолиятам ҳамчун раиси бахши ташхис дар Комиссияи олии ташхиси Тоҷикистон ва узвият дар шуроҳои дифои Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Институти илмҳои иҷтимоии ба номи академик Баҳодур Искандаров тасдиқ мекунад. Бояд тадбирҳои фаврӣ андешид. Дар замони Шуравӣ дар Тоҷикистон танҳо як шурои дифоъ дар соҳаи адабиёт ва забон дар назди Институти забон ва адабиёт вуҷуд дошт, аммо талаботи он нисбати рисолаҳои илмӣ баланд буд. Барои ҳамин ҳамаи марказҳои илмии ҷумҳурӣ кӯшиш менамуданд, ки рисолаҳои номзадӣ ва доктории ба ҳимоя пешниҳодшаванда ҷавобгӯй ба он талабот ва меъёрҳо бошанд. Ҳоло миқдори шуроҳои дифои миллӣ ва русӣ дар ҷумҳурӣ зиёд шудаанд, вале ин ҳодисаи дар зоти худ мусбат афсӯс, ки дар маҷмуъ боиси беҳтар шудани сатҳи илми тоҷик нашуд. Барои ҳамин ҳам, тавре ки шумо дуруст ба мушоҳида гирифтаед, чеҳраҳои таъсиргузор ва шахсиятҳои илмӣ дар байни довталабон бисёр кам ба назар мерасанд.

Дарси адабиёт чӣ гуна бошад?
– Шумо муаллифи китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи 8 ҳастед. Нашри чаҳоруми ин китоб ду сол пеш бо теъдоди 120 ҳазор нусха чоп шуд ва ба дасти хонандагон расид. Соли равон нашри панҷумашро барои чоп омода кардед. Солҳост, ки дар Тоҷикистон масъалаи таълифи китобҳои дарсӣ мавриди баҳсу мунозира қарор дорад. Ба назари шумо китоби дарсӣ чӣ гуна бояд бошад?
– Чанд сол пеш Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳайатеро барои навиштани Консепсияи таълим, таълифи китобҳои дарсӣ ва таҳияи
барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои тақвимию мавзуии фанни «Адабиёти тоҷик» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда буд. Ҳайати мазкур аз ҷумла на танҳо Консепсияи таълифи китобҳои дарсиро аз фанни забон ва адабиёти тоҷикӣ таҳия намуд, балки тарҳи барномаҳои таълимиро низ омода карда буд. Мутаассифона, аз он вақт солҳо гузаштанд, ҳанӯз ҳам китобҳои дарсӣ ба усули кӯҳан ва дар заминаи барномаҳои кӯҳан таълиф мешаванд. Ҷавоби саволи китобҳои дарсӣ чӣ гуна бояд бошанд, дар Консепсияи мазкур хеле хуб ва равшан баён гардидааст. Шарҳи он дар ин ҷо мусоҳибаи мову шуморо тӯлонӣ мегардонад.
– Оё усули тадриси адабиёт дар мактабҳои кишвар шуморо қонеъ мекунад? Ин саволро ба он сабаб медиҳам, ки талабагони мактабҳои мо бештар тарҷумаи ҳол мехонанд ва ба моҳияти осори адибон камтар таваҷҷуҳ мекунанд…
– На, қонеъ нестам. Мутаассифона, усули таълими мо дар мактабҳои миёна (ба истилоҳи рӯз муассисаҳои таълимӣ) асосан нав нашудааст, ҳамоно кӯҳна боқӣ мемонад. Камина дар “Роҳнамои фанни адабиёти тоҷик. Синфи 8-ум” (Душанбе, 2020) ба саволи усули дарси адабиёт чӣ гуна бошад, ҷавоби муфассале дода будам. Хоҳишмандон метавонанд ба он мумиди дарсӣ муроҷиат намоянд.
Баҳси “ӯ”
– Панҷ сол пеш, дар арафаи 80-солагии шумо ҳамсуҳбат шуда будем ва суҳбати мо аз баҳси тағйири имло оғоз шуда буд. Бо гузашти 5 сол боз дар арафаи мавлуди шумо баҳси имло доғ шуд. Ин дафъа масъалаи ҳарфи “ӯ”. Чаро бо ин ҳарф ҷанг эълон кардаанд ва чӣ сабаб аст, ки баҳси имло дар Тоҷикистон поён намеёбад?
– Сабабгори дубора сар задани ин баҳс рафтор ва гуфтори ғайриоқилона ва ғайриолимонаи баъзе олимони ба ном забоншинос ва ходимони бемасъулияти Кумитаи истилоҳот мебошад. Ин чӣ бемаънигӣ, ки “Фарҳани имло” ба “Қоидаҳои имло” мутобиқат намекунад? Зимнан, мутаассифона, бисёре аз забоншиносони мо аз адабиёти пешина ва кунунии форсии тоҷикӣ огоҳии дуруст надоранд. Вагарна дар муқаррар намудани қоидаҳои имло ва тарзи навишти он зӯр зада танҳо ба гӯишҳои маҳаллӣ, ба маҳали худашон такя намекарданд. Як забоншиносе дар як маҷлиси ихтисосӣ дар бораи имло изҳор дошт, ки модари ман “ӯ”-ро талаффуз карда наметавонад, бинобар ин бардошта шавад. Ана меъёру мана меъёр. Ёбеду гиред. Худи ин ки мо адабиёти ҳазорсола надорем, мисли кӯчиён дирӯз соҳиби забону имлою хат шуда бошем.
Кардаву нокарда
– Бо вуҷуди он ки шумо солҳо дипломат ва сиёсатмадор будед, ҳамчунин пажӯҳишгари номошнои илми сиёсатшиносӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ҳастед, вале муқаддам аз ҳама адабиётшинос ҳастед ва тавре дар дохили кишвар ва хориҷ аз он эътироф мекунанд – адабиётшиноси рақами 1-и Тоҷикистон. Аммо солиёни зиёд аст, ки чӣ дар Донишгоҳи миллӣ ва чӣ дар Академияи идоракунӣ аз сиёсатшиносӣ ва робитаҳои дипломатӣ дарс мегӯед, на аз адабиёт. Сабаб чист?
– Хоҳиш мекунам, саволҳои “ҷанҷолбарангез” надиҳед. Ман бо факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллӣ зиёда аз бист сол ҳамкорӣ дорам. Дигар ин ки, зиёда аз 10 соли охир мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ будам. Вақту фурсат барои дарс гуфтан дар бахши адабиётро надоштам. Сабаби дигаре надорад.
– Дар фароварди суҳбате, ки 5 сол пеш доштем, гуфта будед, ки дар фикри таълифи рисолаҳои ҷудогона дар бораи Ҳофиз ва Лоиқ ҳастед. То куҷо ин нақшаи шумо амалӣ шуд ва ба назари худатон, чӣ корҳои муҳими илмиву эҷодӣ ҳаст, ки бояд анҷом диҳед?
– Бале, аз пайи иҷрои он рисолати ба зимма гирифтаам будам ва ҳастам. Фасли “Ҳофизи шерозӣ”-ро барои ҷилди 3-и “Таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ (аз Даврони бостон то ибтидои асри ХХ)” навиштам, дар арафаи чоп аст. Барои китоб дар бораи Лоиқ то ҳол фаслу бобҳои “Лоиқ ва Мирзо Турсунзода”, “Фарзона ва Лоиқ” ва “Гулназар ва Лоиқ”-ро навиштам ва нашр намудам. Бахшҳои “Лоиқ ва Муъмин Қаноат” ва “Бозор Собир ва Лоиқ” дар дасти таълиф мебошанд. Корҳои накардаам аз кардаҳоям зиёдтаранд…
Ҳанӯз барвақт аст…
– Рӯзгори ҷолиберо аз сар гузаронидед. Оё дафтари хотира доред ва дар фикри таълифи ёддоштҳо ҳастед?
– Дафтари хотира дорам, вале афсӯс, ки муназзам нест. Ҳоло бештар эҳсос мекунам, ки доштани чунин дафтар лозим будааст. Фикри ёддоштнависӣ, гумон мекунам, ки барои ман барвақт аст ва мавриди муносибаш ҳам нарасидааст.
– Панҷ сол баъд, дар 90-солагиатон чӣ саволро аз шумо бипурсам?
– Аввал, ки Худованд мову шуморо ба он рӯз расонад. Сониян, бипурсед, ки чӣ ҳол доред ва ҷашни 90-солагиатонро дар куҷо гузарониданиед, дар Уреч ва ё дар саробӯстонатон дар Варзиканда?
Мусоҳиб:
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ