Оғози ярмаркаи фурӯши молу маҳсулот дар Душанбе
21-уми декабр дар шаҳри Душанбе ярмарка фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия оғоз шуд, ярмарка то 31-уми декабр идома меёбад.
Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, дар ин ярмарка фурӯш, ки ба муносибати соли нав ташкил шудааст, сокинон метавонанд маҳсулоти ниёзи аввалро бо нархҳои арзонтар харидорӣ кунанд.
Ярмаркаҳо дар суроғаҳои зерин ташкил шудаанд:
Қисми чапи таваққуфгоҳи назди бозори “Меҳргон”.
Таваққуфгоҳи назди ҳукумати ноҳияи Сино.
Майдончаи назди КВД бозори “Саховат”.
Қисмати рости боғи “Куруши Кабир”, назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ