Ҳаракати бехатарии роҳ таъмин аст
Дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон бехатарии ҳаракати роҳ пурра таъмин аст. Бо вуҷуди боридани барф ягон мушкилот вуҷуд надорад.
Исмон Тағайбекзода, сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар гуфт, баъди боридани барф, 18 техника бо 120 коргар дар чор ағба ба таври шабонарӯзӣ кор карданд. Ӯ мегӯяд, аз шаб то ҳол ягон мушкил пеш наомадааст. Бориши бар ҳам зиёд набуд, афзуд вай.
“Мо дар роҳҳои мошингарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 4 ағба, Фахробод, Левакант, Султонобод ва Чормағзак дорем. Бо пошидани қум ва намак роҳҳо пурра тоза гардидаанд ва ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин аст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ