Одамкушии ноболиғ дар Варзоб

Як ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо ноболиғи дигари ҳамин ноҳия муноқиша намуда ӯро ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ номбурда, санаи 2-юми майи соли 2020, тахминан соати 13:00, дар ҳудуди деҳаашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо дастонаш ӯро бӯғӣ кардааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *