Огоҳии ВКД-и Русия аз фиреби қаллобон

Вазорати корҳои дохилии Русия аз фиреби қалобон тавасути барномаи “Госуслуги”- хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ вахтҳои охир шикоятҳо аз ба доми қалобон афтодан тавасути барономаи “Госуслуги”, зиёд шудааст.

Мақомоти Русия гуфтанд: “Қаллобон худро ҳамчун “Госуслуги” вонамуд карда, аз шаҳрвандон талаб мекунанд, ки почтаи электронии худро нав кунанд. Дар натиҷа онҳо қурбониёнро ба рақами қалбакии хадамоти дастгирӣ меафтонанд”.

Дар паёмҳои қалбакии электронӣ логотипҳое истифода мешаванд, ки ба логотипҳои расмӣ барномаи “Госуслуги” монанданд. Қаллобон ҳатто бо номи мушаххаси корбар муроҷиат мекунанд ва тавсия медиҳанд, ки рамзҳои тасдиқ аз СМС ба касе дода нашавад.

 ВКД- и Русия гуфтааст, ки ба ҳаргуна зангҳо ва  бовар накунанд. Ба суроғаи фиристанда бояд аҳамият дод: «Госуслуги» танҳо аз суроғаи [email protected] нома мефиристанд.

“Госуслуги”- ин ягона партали рақамии давлатӣ мебошад, ки шаҳрвандон дар онҷо барои пардохти ҷарима, андоз, расмикунонии ҳуҷҷатҳо ва номнависшудан ба назди табибон истифода мешавад. Дар ин барнома тамоми маълумоти шахс ҷой дода шудааст.

Таи ду соли охир барои муҳоҷирони корӣ ҳам сабти ном дар ин барнома ҳатми шудааст. Агар дар ин партал худро номнавис накун барои гирифтани корти бонкӣ, симкорт ва дигар хизматрасонӣ расонида намешавад.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *