Трамп: “ Таҳдиди таърифаро сад фоиз иҷро мекунам”
Донал Трамп раисҷумҳури Амрико эълон кардааст, ки таҳдиди худ барои эъмоли таърифа барои кишварҳои Аврупо, ки барои вогузории ихтиёрӣ ҷазираи Геренландия ба Амрикоро рад карданд ҷорӣ карда мешавад. Ин суханонро Доналд Трамп дар як пурсиши шабакаи “NBC” баён кардааст.
Дар вокуниш ба ин гуфтаҳо кишварҳои Аврупо аз ҳокимияти Геренландия ҳимоят карданд. Вазири хориҷаи Дания таъкид кардааст, ки Трамп наметавонад бо зӯр моликияти ин минтақаро ба даст орад.
Вазири корҳои хориҷаи Британия ҳам мавзӯи Ланданро нисбати ин ҷазира баён кард, ки ояндаи Геренландия бояд “танҳо тавассути мардуми Геренландия ва Дания ” ҳал шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаҳои охир муносибати Трамп бо кишварҳои Аврупо бар сари ҷазираи Геренландия шакроб шудааст. Расонаҳо эъзоми нерӯҳои низомии чанд кишвари Аврупои ба ин ҷазира хабар дода буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ