Олими саршиноси тоҷик Саидумари Султон даргузашт

Олими шинохтаи тоҷик, Саидумар Султонов дар синни 94-солагӣ, дар шаҳри Истаравшан аз олам даргузашт. Дар зер мақолаи Одил Нозирро дар мавриди рӯзгору осори марҳум пешкаши шумо мегардонем.

Девкор ё кашшофи 200 адиби номаълум 

Саидумари Султон ва ганҷинаи ӯ чаро дар музофот аст?

Ҳар қадаре ки ба шаҳри Истаравшан наздик мешавем, дар бораи оне ки ба суроғаш меравам, бештар меандешам. Мӯйсафеди 90 — сола оё моро қабул мекунад? Маҷоли посух гуфтан ба суолҳоямонро дорад? Ва ғайра…

Оғози роҳ ва вохӯрӣ бо  пирамарди 90 — сола

Билохира расидем, зани миёнсоле моро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифт:

-Хонаи устод Саидумари Султон?

-Бале, марҳамат кунед. Дар маҳаллаамон ҷаноза аст. Муаллим он ҷо рафтанд…

-Шояд дертар оем?

-Не, марҳамат. Ҳаял карданд, ҳозир мерасанд. Майитро кайҳо бароварда буданд, – зан аз набудани соҳибхона хиҷил шуду моро бо самимият дохил хонд. Духтари барное расми меҳмондорӣ ба ҷо овард ва чаққон кўрпачаҳои мулоим густурда, зуд наздамон хон кушод.

-Шумо ба устод кӣ мешавед? – суҳбатро оғоз кардам.

-Ман ҳамсарашон, ин – ба духтараки тахмин 17-18 — сола, ки рӯйи дастурхон ширинӣ мегузошт, ишора карда – духтарамон,  гуфт мизбон. Ҳайрати маро дида, рухсораҳояш лолагун шуд ва бо мулоиматӣ гуфт: — Ман оилаи дувум ҳастам. Баъди марги зани аввалаашон муаллим ба Истаравшан кӯчида омаданд. Он вақт 70 — сола буданду ман 30 — сола. Мо оиладор шудем. Мана, шукр 20 сол шуд, як ҷо зиндагӣ дорем. Соҳиби ду духтарем, муаллим аз зани аввалашон фарзандони калон доранд.

Садои кушода шудани дарвоза шунида шуд. Зан «омаданд» гуфту чолок хеста, ба пешвоз баромад, духтарак ҳам аз ҷояш боло шуду мо пайравӣ кардем. Аз дар марди қоматбаланди босалобат бардам-бардам қадам гузошта ворид шуд ва бо гармӣ  вохӯрӣ кард, дастони калон- калонаш боқувват буданд, ки зимни дастфишорӣ эҳсос намудам. Бодиққат ба ӯ нигаристам: шими утушуда, куртаи сафед, костюм ва аз боло ҷелаки хокистарранги ботартиб ва озода пӯшида буду риши сафеде, ки то қафаи синааш идома меёфт, рӯйи гирд ва сурхи ӯро нур мебахшид ва салобати мардро бештар мекард. Ин мард, ки дар рӯ ба рӯйи мост, олими сермаҳусул, номзади илмҳои филология, муҳаққиқи нуктасанҷ, мунаққид ва адабиётшинос Саидумари Султон аст, ки соли равон остонаи 90-солагиро бардам кӯфтанд…

Муҳаббат ба китобҳои нодир

Саидумари Султон соли 1927 дар Истаравшани бостонӣ дар оилаи Саидсултон ибни Саидмузаффари Истаравшанӣ таваллуд шудааст. Падари ӯ марди китобхон ва босавод буд ва китобхонаи бой  дошт. Саидумар низ аз хурдӣ канори падар давутоз карда, ба китобхонаи падар дил баст. Ин дилбастагӣ боис гардид, ки тамоми умрашро ба ҷустуҷӯйи китобҳои нодир ва кашфи асрори сухан сарф кунад…

Гарчанде падарашро соли 1938 барои доштани китобхона ва саводи динӣ бо ҷурми «душмани халқ» ба қатл расониданд, аммо ин монеи ӯ шуда натавонист.  Ӯ тамоми умр: ҳангоми таҳсил дар факултаи суханшиносии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) (1959-1962), кор дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (1984-1982), Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (1982-1991) ҳамеша ба ҷамъи китобҳои нодир ва ғанӣ гардонидани китобхонаи худ машғул буд. Айни ҳол дар архиви шахсии Саидумари Султон зиёда аз 500 китобҳои дастхат, чопи сангиву литографӣ ва нодир мавҷуд аст, ки бузургтарин хазинаи дастхатҳои қадими шахсӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи ин хазинаи қадимӣ ва гаронарзишро, ки тӯли 50 сол ҷамъоварӣ кардааст, ӯ дар Осорхонаи таъсисдодааш (соли 1989) дар шаҳри Истаравшан нигоҳ медорад. Дар асоси ин ганҷинаи худ ӯ имрӯз наздики 2000 асар таълиф кардааст, ки бахши аъзами он то ҳол интизори чопанд.

С.Султон на танҳо барои ғанӣ кардани китобхонаи худ, балки Шуъбаи дастхатҳои АИ Тоҷикистон низ хидматҳои бедареғ кардааст.  Соли 1961 президенти вақти Академияи илмҳои Тоҷикистон Султон Умаров ӯро ба маъракаи ҷамъоварии китобҳо ҷалб кард. Ӯ аз шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон, махсусан Самарқанду Бухоро китобҳои нодирро ҷамъоварӣ мекард ва китобхонаи академияро ғанӣ мегардонид.

Одил Нозир ҳангоми сухбат бо олими варзида Саидумар Султон, соли 2017

Дар ҷустуҷӯйи   Ҳоҷии Кангуртӣ

Замони кӯдакӣ дар китобхонаи падари Саидумар китоби мунаққаши зебое мавҷуд буд, ки диққати ӯро ҳамеша ҷалб мекард. Ӯ аз овони кӯдакӣ мутолиаи ин китоби хушхатро, ки хонданаш ба чашм ҳаловат, ва маъниҳои рангинаш ба қалб фараҳ мебахшид, дӯст медошт. Ин китоб ашъори шоири рангинхаёл Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ буд. С. Султон дар давраи донишҷӯӣ ба олами сухан ва илми адабиётшиносӣ жарфтар ворид гардида, арзишу аҳамияти осори боқимонда аз Ҳоҷии Кангуртиро дарк кард.

Бинобар ин, доир ба рӯзгору осори ӯ аввал кори курсӣ ва баъдан дипломӣ навишта, бомуваффақият дифоъ, намуд.

Ӯ умед дошт, ки тадқиқи эҷодиёти Ҳоҷиро идома дода, рисолаи номзадӣ менависад.

Бо ин мақсад ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба кор пардохту кори илмиро идома дод. Бегумон аз он ки тавтеаи нотавонбинон ӯро ноком мекунад.

Ӯ борҳо ба суроғи Ҳоҷӣ ба Бухорои Шариф сафар намуд, то саҳифаҳои норӯшани рӯзгори ӯро равшан намояд. Дар яке аз сафарҳояш муҳаққиқи ҷавон бо ҳамсабақ ва дӯсти Ҳоҷӣ Ҳусайн Махдуми Зарифи Бухороӣ вомехӯрад. Махдуми Зариф аз дӯсти шоир ва хаттоташ хотираҳои неке ёд карда, муҳаққиќи ҷавонро ба мадрасаи Турсунҷон, ба ҳуҷрае, ки Ҳоҷӣ овони таҳсил дар он иқомат мекард, мебарад. Баробари ворид шудан ба ҳуҷра диққати Саидумари Султонро ороишоти деворҳои хона, ки аз ҳар гуна навиштаҳо иборат буд, ҷалб кард. Махдуми Зариф, ки марди рамузфаҳм буд, ҳайрати ҷавонро пайхас карда, шарҳ дод:

-Ороишоти девори ин мадраса аз ҷониби худи Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ анҷом дода шудааст. Ин зебоӣ маҳсули дастони сеҳрангези ӯст. Мо — шарикдарсон ӯро гоҳе бо шӯхӣ – Беҳзоди сонӣ мегуфтем…

Ҳамин тавр, Махдуми Зариф дар бораи Ҳоҷӣ маълумотҳои хубе дода, дар зимн иттилоъ медиҳад, ки Ҳоҷи Ҳусайн ду маротиба аз Бухоро ва бори севум аз зодгоҳаш Кангурт сафари Ҳаҷ намудааст. Ҳамчунин, Махдуми Зариф ёдовар мешавад, ки ӯ ҳар сол ба дидори Ҳоҷӣ ба Қарақамиш мерафт ва зимни яке аз чунин сафарҳо шоҳиди аз ҷониби Ҳоҷӣ дар ҳавои сурудаҳои халқӣ эҷод намудани достони «Шӯриши Восеъ» гардидааст.

Ин маълумотҳо Саидумарро барои ковишҳои оянда пару бол бахшиданд. Бинобар ин, ӯ  ба мавзеи Қарақамиши Кангурти Хатлон – зодгоҳи Ҳоҷӣ меравад.  Кангуртиёни меҳмоннавоз ва чеҳракушода муҳаққиқи ҷавонро хуб пазироӣ карда, ба ҳавлии Ҳоҷӣ мебаранд. Дар яке аз ҳуҷраҳо муҳаққиқ деворҳои гаҷкории нақшинро мебинад. Яъне, Ҳоҷӣ рассомӣ ва ҳунарвариашро дар зодгоҳаш низ идома додааст. Аммо аз бетаваҷҷуҳӣ нақшҳо сутурда шуда, гаҷкориҳо валангор гардида буданд, ки ин ҷигари Саидумарро реш-реш кард.

 Ин сафарҳо ва ҷустуҷӯҳо имкон доданд, ки Саидумари Султон рӯзгори Ҳоҷиро пурра омӯзад ва дар мавриди эҷодиёташ хулосаҳои дақиқи илмӣ барорад. Ин буд, ки ӯ дар як муддати кӯтоҳ мунтахаби ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро бо хатти сирилик баргардон сохта, ба он сарсухани комил ва аз нигоҳи илмӣ пурборе навишта, соли 1961 нусхаи мошиннависи онро ба муҳокимаи олимони институт мегузорад. Ин асари нав дар адабиётшиносӣ баҳои баланд гирифта, соли 1962 бо теъдоди 10 ҳазор нусха аз чоп баромад.

Бори аввал нашр шудани осори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар муҳити илмиву адабии Душанбе ғулғула афканд. Номи тартибдиҳанда ва муаллифи сарсухан вирди забонҳо шуд. Ашъори Ҳоҷӣ даҳон ба даҳон мегашт…

Аммо ин шодиву фараҳ дер давом накард. Бори дигар тақдир ба Ҳоҷӣ ва бори аввал ба муҳаққиқ зарбаи ҷонкоҳ зад.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ яке аз шоирони забардасти замонаш буд. Аммо хусумат «қадрношиносӣ, бемурувватӣ, нотавонбинӣ ва бадкирдориҳои гурӯҳи ҷаҳолатпешаи диёраш шоири ҳассосу равшанзамирро ба бистари беморӣ мекашад» (Аламхон Кӯчаров) ва ба қавли Саидумари Султон билохира баҳори соли 1920 ба пой меафтонад. Ҳамин тавр, Ҳоҷӣ дар синни 51 — солагӣ дар айни авҷи камолот аз дунё мегузарад. Тақдири шум осори Ҳоҷиро дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низ думболагир мешавад ва ба муҳаққиқи ҷавон низ бетаъсир намемонад.

Бадхоҳон ва нотавонбинон аз болои Саидумари Султон ба Партияи коммунистӣ чунин мактуб менависанд: «Чоп кардани осори як шоире,  ки ашъораш пур аз сӯзу гудоз аст, мухолифи замон аст.» Ҳамин тавр, дар Пленуми КМ ПК Тоҷикистон муҳаққиқи ҷавон мавриди танқиду сарзаниш қарор мегирад. Дар ин Пленум котиби якум низ ширкат дошт. Бинобар ин, роҳи муҳаққиқи ҷавон дар илм баста шуда, дарҳои Институти забон ва адабаиёт низ ба рӯяш пӯшида мешаванд.

Рӯнамоии китоби Саидумари Султон дар Сафорати Ҳиндустон, соли 2019

Бозгашт ба илм

Баъди ронда шудан аз институт Саидумар Султнов ба кори муаллимӣ гузашта, муддате дар шаҳри Норак дарс мегӯяд. Аммо  аз қаламу коғаз дил канда натавониста, ба кори рӯзноманигорӣ мепардозад ва муддати 20 сол (1964-1982) дар Кумитаи телевизион ва радиои кишвар фаъолият мекунад. Дар ин давра ӯ мақолаҳои зиёде доир ба масъалаҳои гуногуни адабиёт навишта, дар матбуот ба нашр мерасонад. Аммо ҳеҷ гоҳ ӯ аз таҳқиқотҳои адабӣ дур намешавад. Солҳои 70-ум Саидумари Султон зимни сафараш ба Бухоро як баёзи қаламиро пайдо кард, ки ба қалами Мирзо Ҳайи Саҳбо (1850-1919) тааллуқ дошт. Дар ин китоб 3 ғазал, 1 фард, 5 мухаммас ва ду мусаддаси Ҳоҷӣ ҷой дода шуда буд, ки дигар дар ҷое нашр нашудааст.

Бемеҳрии мардуми диёраш буд, ки аз Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди соли 1913 асаре ба ёдгор намондааст.  Саидумари Слтон тамоми умр дар ҷустуҷӯйи осори солҳои охири умр таълифкардаи Ҳоҷӣ аст.

Кашфи 2000 суханвари номаълум

Соли 1982 ӯ дигарбора ба кори илмӣ шурӯъ мекунад ва ин даъфа ба Институти шарқшиносӣ ба кор меояд. Бо сабаби манъ будани ашъори Ҳоҷӣ ӯ оиди рӯзгору осори шуарои Истаравшан таҳқиқот оғоз карда, муҳити адабии онро ҷиддӣ меомӯзад.

Махусан, диққати ӯро ҳаёт ва фаъолияти Нодими Истаравшанӣ ҷалб мекунад. Нодим яке аз намояндагони барҷастаи доираи адабии Истаравшан дар асри XVIII ва ибтидои XIX мебошад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ рисолаи худро ба итмом расонида, соли 1985 дар мавзӯи «Нодими Истаравшанӣ муҳити адабии замони ӯ» рисолаи номзадӣ дифоъ мекунад.  Ӯ кофтуковҳои худро доир ба муҳити адабии Истаравшан идома дода, осори боқимондаи қариб 750 шоирони Истаравшанро ҷамъоварӣ ва ба шакли тазкира ба чоп омода намудааст, ки интизори нашранд. Дар бораи бархе аз чеҳраҳои тобон ва таъсиргузори муҳити адабии Истаравшан бошад, ба таври алоҳида рисола навишта, мунтахаби ашъор ё девони мукаммалашонро ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, осори Муҳаммадсолеҳи Нодим, Шаҳдии Истаравшанӣ ва ғайраро ба таври китобҳои алоҳида ва намунаи ашъори қариб 45 шоири Истаравшаниро аз нимаи 2-юми асри XVIII то охири асри XIX дар «Тазкираи суханварони Истаравшан» гирдоварӣ намудааст, ки соли 2012 ба дасти хонанда расид.

Таҳқиқотҳои Саидумари Султон дар бораи шуарои Истаравшанро ёдовар шуда, доир ба яке аз онҳо мехоҳам махсусан ёдовар шавам. Ин нафар Комилхоҷи Накҳат нобиғаест, ки дар синни 16 — солагӣ аз дунё гузаштааст, аммо аз худ девони мукаммале боқӣ гузошт, ки аз 188 ғазал  33 рубоӣ, 47 фард, се мухаммас,  ҷамъ 2319 байт иборат мебошад. Дар бораи Накҳати ғурамарг тазкиранависони машҳури давр Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Мирсиддиқи Ҳашмат, Садри Зиё ва Садриддин Айнӣ ёдоварӣ карда, аз марги ӯ ҷигар пора кардаанд. С.Султон дар натиҷаи кофтуковҳои дурудароз девони ин шоири ҷавонмаргро пайдо карда, бори аввал соли 1976  тариқи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» таҳти унвони «Шоири 16 — сола» маълумот дод ва соли 1980 намунаи 30 ғазали ӯро тариқи маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп намуд ва билохира девони мукаммали ӯро таҳти унвони «Султони мулки сухан» бо сарсухани гаронбаҳое аз чоп баровард.

Китобҳое, ки интизори чопанд

Дар умум, С.Султонов дар заминаи тадқиқотҳо рӯзгор ва осори 2000 адиби номаълумро муайян намудааст, ки 750 нафари он аз Истаравшан мебошанд. Ӯ дар мавриди шуарои Истаравшан зиёда аз 50 асар таълиф кардааст, ки интизори чопанд.

Ҳамчунин, «Тазкираи суханварони Хуҷанд» (4 ҷилд), «Тазкираи хушгӯёни Истаравшанӣ (4 ҷилд), «Таърихи зудуда» асарҳои калонҳаҷм ва арзиманди ӯ мебошанд, ки то ҳол ба дасти хонанда нарасидааст.   Шогирдони ин олими пуркор  матолиби дар матбуот нашршуда ва мақолаҳои номатбӯъашро дар 15 ҷилд гирдоварӣ кардаанд, ки тақдири чоп шудани онҳо низ номаълум аст.

С.Султон дар мавриди хаттон низ як силсила таҳқиқот анҷом дода, дар мавриди онҳо низ мақолаҳо навиштааст. Аз ҷумла, мақолаҳои ӯ дар «Энсеклопедияи адабиёт ва санъат», «Энсеклопедияи советии тоҷик» ва рисоли «Назаре ба рӯзгор ва осори хушнависони Истаравшан» (1997 – Сурушан арзиши баланди илмиро доро ҳастанд. мебошад.

Кавкабӣ ва таърихи зудуда

Тадқиқотҳои  С.Султон танҳо ба адабиёти классикӣ маҳдуд намешаванд. Ӯ доир ба адабиёти муосир ва ҷаҳон низ тадқиқотҳо бурдааст. Мақолаҳои ӯ дар бораи Мирзо Турсунзода, Баҳром Сирус, шоирони Литва Саломея Нерис Владес Шимкас ҷолиби таваҷҷуҳ мебошанд.

Устод С.Султон, ҳамчунин, адиби рангинхаёл мебошад, ки ҳанӯз аз замонҳои шӯравӣ бо тахаллуси Кавкабӣ шеър мегӯяд ва дар баробари ин асарҳои зиёди халқҳои бародариро тарҷума кардааст.

Солҳои охир ӯ дар мавриди саҳифаҳои норӯшани таърихи тоҷикон таҳқиқотҳо анҷом додааст, ки пораҳои он таҳти унвони  «Зардушт кист?» ва «Таърихи фаромӯшшуда» ба дасти хонандагон расидааст. Айни ҳол китоби ӯ таҳти унвони «Таърихи зудуда» омодаи чоп асту интизори сарпараст… 

Панди Ҳусейнзода

— Шумо ин қадар асарҳои номатбӯъ доред. Чаро барои нашри онҳо талош намекунед? – мепурсам аз устод Саидумари Султон.

-Шумо фаромӯш накунед, ки ман 90 –солаам. Дар ин синну сол айб аст, ки дар ба дар гардаму барои чопи китобҳоям кумак пурсам. Ман панди устодам Шарифҷон Ҳусейнзодаро фаромӯш намекунам. Он кас пурмаҳсулии маро дида мегуфтанд: — Ҳамеша бо дили соф ва нияти нек навис, барои чопаш талош накун. Вақташ ки ояд, ҳамаи навиштаҳоят нашр мешаванд. Ман кор мекунам, менависам, агар барои миллат лозим бошад, як замоне нашр мешавад, – посух мегӯянд эшон.

-Бубинед, агар шумо дар Душанбе мемондед, шояд зиндагии шумо ба тарзи дигар сурат мегирифт. Китобхонаатон дар ҳолати хубтар нигаҳдорӣ мешуд,  – мегӯям ва мутаваҷҷеҳ мешавам, ки ин мавзӯъ ба мусоҳибам писанд нест. Гӯё ба ҷойи нозукаш нохун мезанам. – Чаро аз Душанбе ба Истаравшан кӯч бастед?

Пас аз каме сукути маънидор:

-Тақдир… — посух медиҳанд, устод.

-Он ҷо меистодед, шояд доктори илм, профессор ва ҳатто академик мешудед…

-Ин чизҳо муҳим нестанд. Муҳим кор ва сифати кор аст. Ҳастанд унвондороне, ки ҳатто ба шогирдии ман намеарзанд…

Қадри ҳунар ҳунарманд донад

Саидумари Султонро олими девкор мегӯянд. Он чӣ мо ин ҷо номбар кардем, қатарае аз баҳр аст. Ҳоло ин олими тоҷик, ин хазинаи пурбори сухан дар музофот, қариб ки дар фаромӯшӣ ба сар мебарад. Ганҷинаи дастхатҳои нодири ӯ ҳам, ки бозгӯкунандаи таърихи адабу фарҳанги қадимии тоҷикон аст, дар музофот аст.

Алабтта, онҳое ҳам ҳастанд, ки устодро қадр мекунанд. Аз ҷумла, ба наздикӣ бо ибтикори шоира Раънои Зоирдухт , ки садри аъзами Фарҳангсарои ориёӣ, ки кохи устувори фарҳангу адаб ва таъриху тамаддуни тоҷикон дар Истаравшан, мебошад, дар ин бинои бошукӯҳ ҷашни 90- солагии Саидумари Султон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Аҳли илму адаби Истаравшан ва шогирдони муаллима Раънои Зоирдухт  дар бораи мақоми Саидумари Султон дар илм маърузаҳо хонда, ҳамчун аз эҷодиёти ӯ ва шуарои аз саҳифаҳои куҳнаи таърих кашфкардааш шеърҳо қироат карданд.

Он рӯз ид буд. Чӣ тавре мегӯянд, «қадри ҳунар ҳунарманд донад»…

Ба ҷойи се нуқта

Мошини мо аз Истаравшан дур мешавад… Аммо таассуроти суҳбат бо Саидумари Султон ҳанӯз маро раҳо намекунад ва саволе пайваста дар майнаам чарх мезанад,ки чаро мо қадри олимони хеш нашносем… Чӣ гунае, ки то ҳол Саидумари Султонро нашинохтаем…

Одили Нозир, «Тоҷикистон»

Душанбе – Истаравшан – Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *