АЗ ООН ТО ЗАВРОН АЗ ПАЙИ НОРИ САБЗИКАЛОН

…Сабзифурӯш дигар дод намезанад: “Сабзӣ да биё бача, арзон шуд…” Ин амакӣ худаш ҳам медонад, ки сабзӣ арзон нест ва нархаш то 15 сомонӣ “хеста” буду имрӯз ҳам  на ҳар кас тавони ошхӯрӣ дорад.

Ба ин амаки сабзифурӯш  дар бозори “Ховарон” аз сабзифурӯшӣ танҳо 50 дирам аз як кило мемондааст (агар имонаш солим бошаду дурӯғ нагӯяд) “Чаро чунин шуд?” мепурсем аз худу аз дигарон, қабл аз ҳама, аз деҳқони баландмансабтарини  Тоҷикистон, яъне вазири муҳтарами кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода. Ӯ сабаби болонишин шудани ин сабзавотро дар кишвар ба сард омадани зимиcтон рабт дод, ки ба гуфтаи ӯ “ба ҳосили имсола ва нигаҳдории он таъсир расонд”. Аҷиб, магар мо имсол ба сардии рекордӣ рӯ ба рӯ шудем,ки нархи сабзиро рекордӣ кард? Солҳои аз ин пештар ҳам сардиҳои сахт мешуданд, вале ин сабаби камтар ҷӯшидани деги палов нашуда буд. Ин шарҳест,ки боз шарҳи дигар мехоҳад. Маслан, раҳматии амакам дар кӯҳистон се чор халта сабзиро тирамоҳ чоҳ мекарду бе ҳеҷ талафот то сабзипази нав истифода мебурд. Аммо вазир хушхабар расонд, ки баъд аз  15-уми июл сабзӣ ҳам дигар “аскари қаторӣ мешавад” ва дар назар аст, нархи он пойин хоҳад рафт. Вале палавхӯрон ба ин шубҳа доранду мегӯянд: “Дар Тоҷикистон ягон генерал “рядовой” нашудааст ва чизе ки хест, дигар намешинад, махсусан сабзӣ …” Пагоҳ 15 июл…

 Амирбеки Темур-сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, ки ӯ ҳам  бо сабзӣ сару кор дорад, шарҳи каме ба ҳақиқат наздиктаре додааст: “Вақте соҳибкорони мо фаҳмиданд, ки дар кишвари Қазоқистон нархи сабзӣ ба маротиб болотар аз дохили кишвар ва соири кишварҳои дигари ҳамсоя аст, ҳаҷми бештари сабзиро ба ин кишвар содирот карданд. Дар натиҷа сабзӣ дар дохил камчин шуд ва арзиши он дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон чанд баробар боло рафт”. Яъне “+аввал дарвешу баъд хеш”.

Бигзор ҳамин тавр бошад, ҳам дар дашти қазоқ палаву “бешбармоқ” пазанду ҳам дар мо “оши 1х1” , аммо магар имкон надошт, ки аз моҳи март, вақте  нишонаҳои аввалини  “пандемияи  сабзӣ” пайдо шуд, зуд  ваксинаи  зидди онро истифада баранд? Барои ин на “Спутник” даркору на “Астра- Сенека”, ваксинаи он – зиёд кишт кардани сабзавоти қиматшуда мебошад…Тавре як хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ оҳиста ба гӯши банда гуфт, барои ба “балоғат расидани сабзии барвақтӣ” ҳамагӣ  65 рӯз лозим аст ва табиати ҷануби кишвари мо  беҳтарин гаҳвора барои ин кор буд. Ҳам кисаи деҳқон пур мешуду ҳам шиками қазоқ ва боз “валюта”  вориди Тоҷикистон мешуд. Барои инро фаҳмидан шарт нест, ки Кембриҷро хатм кунӣ…

Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз ҳаҷву шӯхиҳо дар бораи қамматии нархи сабзӣ аст, аммо набояд фаромӯш кард,ки сабзӣ аз маҳсулоти асосӣ барои таҳияи оши палав, серистеъмолтарин хӯрок дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.Яъне сабзӣ маводи стратегист ва нисбати он бояд вазиру кабир эҳтироми хосса дошта бошанд .

Ҳатто СММ эълон кардааст, ки болоравии бошиддати нархи сабзӣ  ба пандемияи COVID-19 вобаст аст. Инсоф кунед ҷанобон, мо ҳам медонем,ки сабзӣ:

• биноии чашмро беҳтар мекунад;

• кори дилро дастгирӣ мекунад;

• фишори хунро ба эътидол меорад;

• ҳозимаро беҳтар мекунад;        

• масуниятро тақвият медиҳад;

• кайфиятро беҳтар мекунад;

• хавфи сактаро кам мекунад.

Аммо аз сабзӣ ваксина тайёр намекунанд ку? Хулосаи ин навиштаҳо ин аст, ки танбалӣ накарда аз ООН сар карда то Заврон (деҳае дар Панҷакент) сабзӣ коред! Дар деҳае,ки номашро хондед, марде мезист бо номи “Нори сабзикалон”. Сабаби чунин лақаб гирифтани ӯ дар он буд, ки сабзиҳои киштааш аз меъёр калон мешудаанд ва  ӯро дигар деҳқонон пас аз омада намудани замин барои пали сабзӣ барои тухмпошӣ  даъват мека рдаанд. Нор ба касе “не”  намегуфтааст. Ҳоло ҳам агар дурусттар ҷустуҷӯ кунем,ҳарчанд як қисмашон ба муҳоҷират рафта бошанд ҳам, чунин “норҳо”-ро аз  ҳар деҳаи тоҷик пайдо кардан  мумкин аст. Агар хоҳем, ки оши бесабзӣ нахӯрем, онҳоро бояд  ба сари кор орем…

А.ҲОҶӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *