Омӯзгорони нафақахӯр ба муаллимони ҷавон «ход» намедиҳанд

Як гурӯҳ омӯзгорони ҷавон аз муасиссаи таҳсилоташ миёнаи умумии №2-и ноҳияи Темурмалик (собиқ Советский) бо хабарнигори сомонаи Tajikistantime.com дар тамос гашта, аз ноадолатиҳои сарвари мактабу маоши кам шикоят кардаанд.

Тавре омӯзгорон мегӯянд, сарвари директори мактаби мазкур Бобоева Мамлакат, ки аллакай дар синни нафақа қарор дошта беш аз 40 сол собиқаи корӣ доштааст, дар атрофи худ 10 муаллимони нафақахӯрро ҷамъ кардааст. Бобоева ба ҳар як омӯзгори солхӯрда беш аз 35 соати корӣ додаасту сари ҳар кадомаш роҳбарии 3 синфро сафарбар намудааст. Мусаллам аст, ки сабаби чунин рафтори директор бо маоши хуб таъмин кардани муаллимони собиқадор аст, вале 30 нафар омӯзгорони ҷавоне, ки дар мактаби мазкур баъди хатми донишгоҳ омадаанд, ҳатто 6 соати корӣ ҳам нагирифта, маошашон аз 200-300 сомонӣ зиёд набудааст.

Ҳар дафъае, ки мутахассисони ҷавон ба директор аз таъкидҳои Пешвои миллат оиди дастгирӣ намудани омӯзгорони навкор ёдовар шаванд, директору дигар омӯзгорони нафақахӯр тавсия медодаанд, ки «Шумо ҳоло ҷавон, умратонро бо чор танга дар ин ҷо хазон накунед, мактаб ҷои шумо нест, ҳоло ки вақт аст, ба муҳоҷират равед, бо пули муаллимӣ зиндагиятон пеш намеравад, беҳуда ин ҷо наистед».

Муаллимони ҷавон мегӯянд, ки нафаре аз омузгорони собиқадор мутахасисони ҷавонро дасгирӣ намекунанд, роҳу равиши дарсдиҳиро нишон намедиҳанд , баракс бо суханони нешдору дағал дилашонро аз мактабу касби интихобнамуда сард мегардонанд.  Муҳити корӣ дар инмактаб хеле бад буда, иғвогариву хабаркашӣ , лагандбардорӣ дар авҷи аъло қарор дорад ва директор бо маслиҳату машварати хабаркашҳояш мо ҷавононро ба қавле “ход” намедиҳад.

Ин омӯзгорон мегӯянд бо умед 5 сол донишгоҳ хондаанд, ки дар ватан соҳиби нону ном шаванду зиндагиро пеш баранд, на ин ки диплом дар дасту дар мулки ғарибӣ азобу хориҳо кашида, аз падару модар ва зану фарзанд дур бошанд.

Аз Шуъбаи маорифи ноҳияи  Темурмалик дархост менамоем, ки дар мавриди воқеият доштан ё надоштани   ин гуфтаҳо хулосаи худро ба сомонаи “Тоҷикистон таймс” ирсол намуда, фаъолияти ММТУ №2 зери назорат гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *