«Ҷоми пойтахт-2018» соҳибонашро ёфт

Шоми дирӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2018» баргузор гардид.

Тавре  хабар медиҳанд, дар мусобиқаи мазкур 10 даста- «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2», «Суғд-1», «Суғд-2», дастаҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва ноҳияи Рашт дар ҳайати калон    қувваозмоӣ намуданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқа дар шаш вазн- 60, 70, 80, 90, 100  ва +100- кило байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Сорбон Латифов  дар   вазни  60 кило бар ҳамаи рақибонаш ғолиб  омада,  соҳиби  «Ҷоми пойтахт-2018» гардид.

Хотиррасон менамоем, ки  соли 2017   Сорбон Латифов  дар  мусобиқаи ҷаҳонии самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор гардид, дар   вазни 62  кило   соҳиби  медали биринҷӣ   шуда буд.

Орифҷон Додов дар вазни 70  кило   «Ҷоми пойтахт»-ро ба даст овард. Дар вазни 80 кило Акмал Муродов  бар ҳамаи рақибонаш ғолиб гардида, «Ҷоми пойтахт-2018»-ро  соҳиб гардид. Ҳоҷимашраб  Раҳмонов дар вазни 90  кило  ҳунари хуб нишон дода, ҳамаи рақибонашро мағлуб намуд. Ӯ сазовори медали тилло ва  «Ҷоми пойтахт» гардид.

Саидҷалол Саидов дар вазни +100 кило  Шоҳҷоизаи мусобиқаро ба даст оварда, сазовори автомобили тамғаи «Mercedes Benz» шуд ва «Ҷоми пойтахт-2018»-ро ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта  низ дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» ва иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *