Ҳалокати Сафияи панҷсола дар зери чархи мошин

Бино ба маълумоти ВКД, 26-уми марти соли 2018, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «ГАЗ-52”, Раҳмонов Зафар Хизиралиевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба тарафи деҳаи Лағмони шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Латифова Сафия Зарифовна, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Навобод, ки роҳи мазкурро аз тарафи рост ба тарафи чап давида мегузашт, пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *