Пахши мустақими футбол байни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон

Бозии даври охирини мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 март дар шаҳри Манила баргузор мегардад, мустақиман тариқи шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» намоиш дода мешавад. Дар ин бора  аз хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» миёни тимҳои миллии Филиппин ва Тоҷикистон дар Варзишгоҳи ёдбуди «Хосе Ризал»-и шаҳри Манила, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30  ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *