Ҷонибек Муродов зан мегирад?

Инак, соли нав дар паси дарвозаҳои зиндагии мост ва якмаром дар мекӯбад. Боз соле меояду соле меравад ва китоби зиндагии моро саҳифагардон мекунад.

Соле, ки аллакай чоруқу мӯзаҳояшро дӯхта, азми рафтан дорад, дар ҳаёти аҳли ҳунар, дар рӯзгори ситораҳои санъати тоҷик аз худ чӣ ёдгории неке боқӣ гузошт ва дар соли нав чӣ нияту нақшаҳо доранд? Биёед, инро аз худи ҳунармандон бипурсем!

-Салом Ҷонибек. Соли нав муборак бошад!

-Ташаккур. Ба шумо ҳам муборак!

-Соли саг ба шумо вафодор буд ё…?

-Дар 32-соли умрам ин сол беҳтарин ва хотирмонтарин сол буд. Намедонам, барои кадом кори хубам буд, ки тақдир якбора тамоми дарвозаҳоро ба рӯям боз кард. Сафарҳои зиёди ҳунарӣ анҷом дода, оламу одам дидам…

-Дар кадом гӯшаҳои дунё будед?

-Аз Украинаю Маскав сар карда, то Лос-Анҷелоси Амрикову Аврупо ҳама ҷоро гаштем. Дар бузургтарин шаҳрҳои олам консерт додам. Умуман, соли 2018 барои ман соли тиллоӣ буд!

-Соли тиллоӣ мегӯед, вале кори аз ҳама асосиро накардед-ку?

-Нафаҳмидам, шумо чиро дар назар доред?

-О зан нагирифтеду…

Ҳа, ана шумо чиро дар назар доред! (Шикамашро дошта механдад) Росташро гӯям, чунон бо корҳои эҷодӣ банд будам, ки барои аз паси хонумҳо давидан вақт намонд.

-Хайр, дар соли нав хонадор мешавед ё не?

Дар нақша ҳасту…

-Маълум мешавад, ки ягон арӯси таги чашм кардагӣ доред. Канӣ гӯед, кист он маликаи хушбахти зираку ҳушёр, ки дили чунин домоди серхаридорро ба даст овардааст?

-Ҳамаашро ҳозир ба шумо бигӯям, баъд кӣ ба тӯйи ман меояд?! Бигзор инаш “сюрпирз” шавад. Даъватномаи тӯйро, ки гирифтанд, баъд мефаҳманд, ки дили Ҷонибек ба каманди гесӯи кӣ афтодааст…

 

Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *