Осеби садҳо хонаву мактаб дар пайи заминларза

Дар пайи заминларзаи шадиди 13 апрел дар Тоҷикистон, беш аз 160 манзили истиқоматӣ, се мактаб ва даҳҳо иншооти ёрирасон зарар диданд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, боз чанд пасларзаи дигар давоми рӯзи гузашта ва субҳи имрӯз низ ба қайд гирифта шудаанд.

🔻Ноҳияи Рашт

Дар натиҷаи заминларза 40 хона пурра ва 5-то қисман вайрон шудааст. Як кӯдаки сесола аз деҳаи Уштурпа бар асари фурӯрезии девори хона ба ҳалокат расидааст.

🔻Ноҳияи Тоҷикобод

Дар деҳаҳои ҷамоатҳои Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ, 54 хона пурра, 45 хона қисман ва 61 хона зарари сабук  дидааст.

Илова бар ин, 196 иншооти ёрирасон, се чойхона, ду мактаб ва як нуқтаи тиббӣ низ зарар дидааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

🔻Пасларзаҳо

Дар давоми рӯзи 13 апрел ва субҳи 14 апрел чор заминларзаи дигар низ сабт шудааст, ки шиддати онҳо аз 2 то 5 баллро ташкил дод.

Комиссияи ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии муовини сарвазир Зиёзода С. барои арзёбӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офат ба минтақаҳои зарардида сафарбар гардидааст.

Корҳо барои расонидани кумак ва барқарорсозии инфрасохтор дар деҳаҳои осебдида идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 13 апрели соли 2025 дар Тоҷикистон заминларзаи шадид ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, такони аввал соати 09:24 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуда, маркази он дар 160 километр шимолу шарқи Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт ҷойгир буд.

Шиддати он дар марказ 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл ва дар Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *