Ҳафтумин вохӯрии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе
Рӯзҳои 14-15 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Палатаи ҳисоби Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни нишасти навбатии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои марбут ба аудити якҷоя дар соҳаи кишоварзӣ ва нақшаи чорабиниҳо барои давраи солҳои 2025-2027 баррасӣ хоҳанд шуд.
Изҳороти муштараки роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай низ қабул карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ