Ошкори шикори ғайриқонунии моҳӣ дар Хатлон
Дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав ҳолатҳои шикори ғайриқонунии моҳӣ ошкор гардиданд. Қурбоналӣ Собирзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки мутахассисон мавридҳои моҳидории ғайриқонуниро муайян кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба огоҳсозиҳои қаблӣ, бархе сокинони ноҳияҳои мазкур ба қонуншиканӣ роҳ додаанд.
«Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти санҷишӣ аз ҷониби кормандони милитсияи сайёҳӣ ва экологӣ, дар ҳамкорӣ бо кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати гунаҳкорон чораҳои қонунӣ андешида шуданд», – гуфт ӯ.
Ба маълумоти сокинони вилояти Хатлон расонида мешавад, ки бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши табиии он, тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 март то 1 июни соли 2026 моҳидорӣ дар ҳамаи кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо манъ мебошад. Дар сурати вайрон намудани ин талабот нисбати қонуншиканон чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ