Эрон ва ИМА ба оташбаси муваққатӣ расиданд
Президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки Вашингтон ва Теҳрон барои оташбаси дуҳафтаина ба мувофиқа расидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим пас аз миёнравии Покистон гирифта шуда, бо шарти кушодани пурра ва бехатари гулӯгоҳи Ҳурмуз қабул шудааст.
Каме пас аз ин изҳорот, Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва вазири корҳои хориҷии кишвар Аббос Ароқчӣ низ аз мувофиқа бо оташбас хабар доданд.
Интизор меравад, ки 10 апрел намояндагони ду кишвар дар Исломобод барои музокироти мустақим мулоқот кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ