Наврӯзи кормандони соҳаи тандурустии Истаравшан

Наврӯз ба мардуми тоҷик хушиву хурсандӣ мебахшад. Барои дарки ин рӯзҳои муборак, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст. Пешвои миллати моро метавон Пешвои миллати Наврӯз ном бурд.

…Имрӯз бо иқдоми судманду собит намудани муҳаббати хеш ба сарзамини бобоӣ, диёри азиз, баҳри ризоияти обу ҳавову хоку фазои орому осоиштаи миллат, ҷашни Наврӯзи некӯфол дар беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан ҷашн гирифта шуд.

Инсон ягона мавҷудияти шуурдор барои дарку баррасии масъалаҳои муҳими зиндагӣ талошу ҷаҳд дошта буда, тамоми нерӯву зеҳну имкониятҳояшро баҳри амалҳои манфиатбахши ҷомеа сарф мекунад. Дониш фаросат, иқдом, ирода, меҳр пояи асосии дарку фаҳми масъулият ва пешравиҳои инсон аст. Тавоноиву ғайрату одобу ахлоқи хамида ирсист.

…Ин гуфтаҳо ба мудири беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан Далер Аббосзода тааллуқ дошта, тамоми тасвирҳои хулқу атвори инсоние, ки ин ҷо гуфтем, дар рафтору гуфтору кирдори ин роҳбари масъулиятшиноси тозакору ободкор равона карда шудааст.

Нақшаи аввалини Далер Аббосзода барои таъмиру тармими беморхонаи марказӣ баъди ба сари вазифаи мудирӣ омаданаш буд.

Чанд рӯз қабл барои аёдати наздиконамон ба беморхона рафтем. Пиндоштам чӯбаки сеҳрноке болои ин марказ омадаву мисли ҳодисаҳои афсонавӣ ба як мижжа задан куллан симояшро дигар кардааст. Майдони беморхона, атрофи шуъбаҳои беморхона мумфарш, биноҳо таъмиру тармим ва рангу бор дода, боғчаҳо гулпӯшу сабзкориҳо карда фараҳе ба дилҳо овард. Ҳамчунин, Далер Аббосзода  аз рӯи барномаи вакилиаш, як қисми кӯчаи Ҷамоати Гули Сурх ва саҳни ҳавлии Беморхонаи марказиро пурра мумфарш кард

Барои заҳматҳои тӯлонии ҷавондухтури кардиолог-дилшиносу худшиносу хештаншинос, роҳбари ободкору пухтакору ваҳдатпеша, вакили вилоятиву шаҳрӣ, мудири беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан, Далер Аббосзода, дар соли нави миллӣ нерӯи дучанд, хастанопазирӣ ва тандурустиву иродаи қавиро таманно дорем.  Дар аксҳо шодиву нишоти табибону кормандони беморхонаи марказӣ бо шукргузорӣ аз саодати доштаашон бо хони оростаи Наврӯзӣ манзури шумо хонандагон  ва дӯстону ҳампешагон манзур карда мешавад.

Абдумудассир АҲМАДЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *