Даргузашти раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев
Имрӯз, 7-уми апрел баъд аз нисфирӯзӣ раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт.
Номбурда тӯли 9 соли охир роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва дар фаъолияти сиёсии кишвар нақши муайян гузоштааст. Ӯ ҳамчунин вакили парлумони Тоҷикистон дар даъвати қаблӣ буд.
Мироҷ Абдуллоев дар интихоботи президентии соли 2020 ҳамчун номзад иштирок карда, дар миёни шаш довталаб куҳансолтарин номзад ба ҳисоб мерафт. Дар интихоботи парлумонии соли гузашта низ ҳизби ӯ ба пирӯзӣ ноил нагардид ва аз курсӣ дар парлумон маҳрум шуд.
Маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 8-уми апрел, соати 10:00 дар манзили ӯ дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ