Ҳамкории ДТТ бо KOICA оид ба таъсиси маркази инноватсионии нассоҷӣ

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони соҳаи нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқоти ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо коршиносони консорсиуми лоиҳа ва  намояндагони Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими татбиқи лоиҳа, аз ҷумла тарҳрезии хатҳои муосири технологӣ ва таҷҳизоти соҳавӣ, инчунин корҳои сохтмонӣ, тарҳи бино ва ҷобаҷогузории озмоишгоҳу синфхонаҳо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Инчунин, меҳмонон бо ҳайати кории лоиҳавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба татбиқи босамари лоиҳа ва таҳкими ҳамкории минбаъдаро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон, меҳмонон бо озмоишгоҳҳои таълимию илмии соҳаи нассоҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва имконияту заминаи моддию техникии мавҷуда аз наздик шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ барои омода намудани муҳандисони соҳаи нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) маблағгузорӣ ва татбиқ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *