Исломбек Зоирзода директори нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат таъин шуд

Бо фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломбек Зоирзода ба вазифаи директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат таъин гардид. Имрӯз, 7 апрел роҳбари нав ба ҳайати кормандон муаррифӣ шуд.

Зоирзода Исломбек то ин дам муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буд. Ӯ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент ва аз соли 2003 инҷониб дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ фаъолият дорад.

Самтҳои асосии тадқиқоти илмии Исломбек Зоирзода масъалаҳои муҳими иқтисоди муосир, аз ҷумла рушди сармояи инсонӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ, механизмҳои маблағгузорӣ ва хусусиятҳои минтақавии ташаккули сармояи инсонӣ дар Тоҷикистонро фаро мегиранд.

Зоирзода муаллифи 6 монография, 5 китоби дарсӣ, 3 дастури таълимӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ мебошад. Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, амнияти иқтисодӣ, рақамигардонии иқтисодиёт, молияи давлатӣ ва рушди сармояи инсонӣ бахшида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *