Сармоягузории 78 млн доллар ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бахши тандурустӣ ёддошти тафоҳум ба маблағи 78 миллион доллар ба имзо расонданд.
Санади мазкур рӯзи 6 апрел аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва кордори Сафорати Амрико дар Душанбе Релитс Рокер ба имзо расид.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин созишнома ҳамкориҳоро барои панҷ соли оянда дар бар гирифта, дар доираи он барои рушди соҳаи тандурустии кишвар 78 миллион доллар равона мешавад. Аз ин маблағ 40 миллион доллар саҳми Тоҷикистон ва 38 миллион доллар саҳми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад.
Тибқи созишнома, маблағҳо барои пешгирӣ ва мубориза ба бемориҳо, аз ҷумла ВНМО ва сил, вокуниш ба бемориҳои сироятӣ, такмили шабакаҳои озмоишгоҳӣ, рушди низомҳои иттилоотӣ ва беҳтарсозии механизмҳои ҳамоҳангсозӣ истифода хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки дар доираи ин барнома шумораи мутахассисони соҳаи тиб зиёд гардида, бо ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ сатҳи хизматрасонии тиббӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ