93,3% муассисаҳои таҳсилоти умумии Душанбе ба “eDonish” пайвастанд
Дар пойтахт 93,3 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба барномаи электронии “eDonish” пайваст гардида, раванди таълими зиёда аз 309 ҳазор хонанда тавассути он назорат мешавад. Дар ин бора зимни ҷаласаи мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ иттилоъ дода шуд.
Зимни ҷаласа масъулин таъкид карданд, ки ба масъалаи рақамикунонии соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Қайд гардид, ки татбиқи барномаи иттилоотии “Kudak.tj” дар муассисаҳои томактабӣ ва “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷумлаи қадамҳои муҳим дар самти гузариш ба идоракунии рақамии соҳа мебошанд.
Ба гуфтаи масъулин, таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ, истифодаи васеи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва тақвияти назорати дохилимуассисавӣ метавонад заминаи устувори рушди соҳа ва мутобиқсозии низоми таҳсилотро ба талаботи замони муосир фароҳам оварад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои рушди таҳсилоти томактабӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва густариши иштироки волидайн дар раванди таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ