Озод шудани ду хабарнигори Reuters аз зиндони Маянмар

Дар Мянмар ду рӯзноманигори хабаргузории Reuters аз зиндон озод шуданд. Хабарнигорон бо айби паҳн кардани иттилои дорои сирри давлатӣ 7-солӣ зиндонӣ шуда буданд.

Дар Мянмар ду рӯзноманигори хабаргузории Reuters аз зиндон озод шуданд. Хабарнигорон бо айби паҳн кардани иттилои дорои сирри давлатӣ 7-солӣ зиндонӣ шуда буданд.

Ва Лон ва Сое Оо моҳи декабри соли 2017 замони таҳияи гузориш дар бораи куштори мусалмонҳо дар Мянмар боздошт шуданд ва бештар аз 500 рӯз дар зиндон монданд.

Сармуҳаррири хабаргузории Reuters Стивен Адлер аз озодии хабарнигорон истиқбол кард. Вай ҳамзамон гуфт, ки ҳамкоронаш ба рамзи озодии баён табдил шудаанд. Ва Лон ба маҳзи раҳоӣ аз зиндон гуфт, бесаброна мунтазири баргашт ба кори хабарнигорӣ аст.

СММ, Иттиҳоди Аврупо ва чанд созмони дигари байналмилалӣ озодии хабарнигоронро талаб карда буданд. Моҳи апрел додгоҳи олии Мянмар ҳукми зиндони онҳоро бетағйир боқӣ гузошта буд. Ҳамакнун ин ду хабарнигор ба асоси қонуни афв аз зиндон озод шуданд.

Моҳи августи соли 2017 ҷангҷӯёни гуруҳи Артиши наҷоти роҳинҷаи Аркана ба кормандони пулиси Мянмар ҳамла ва чанд одамро куштанд. Артиши давлатӣ дар посух амалиёти низомиро дар аёлати Ракхайн дар шимоли кишвар шуруъ кард. Дар он аёлат таъқиби мусалмонҳо шуруъ шуд, ки наздики 650 ҳазор аз онҳо маҷбур шуданд, ба Бангладеш фирор кунанд.

Ва Лон ва Сое Оо даст доштани низомиҳоро дар куштори мусалмонҳои роҳинҷа таҳқиқ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *