Панҷ: Шароити таълим боз ҳам беҳтар мешавад

Дар ноҳияи Панҷ аз соли 2021 то имрӯз 31 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст. Барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Ҳикмат Абдуллоев, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ ба Pressa.tj гуфт, ки барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ ва волидайни хонандагон саҳм доранд. Баъди ба истифода додани синфхонаҳо барои 1 ҳазору 550 хонанда ҷойи нишаст муҳайё гардидааст.

Ӯ афзуд, ки синфхонаҳои иловагӣ бо сифати баланд бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин мебошанд. Ҳоло дар назди муассисаҳои таълимие, ки ба ҷойи нишаст зарурат доранд, сохтмони 13 синфхонаи дигар рафта истодааст.

— Дар соли 2022 як муассисаи таълимӣ бо ҳашт синфхона сохта ба истифода дода шуд. Дар муассисаи таълимии навбунёд дар як баст 140 хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таълимии рақами 27 ва 36 сохтмони ду толори варзишӣ идома дорад. Хушбахтона, ҳоло дар ноҳияи Панҷ бунёди муассисаи таълимии рақами 41 бо 240 ҷойи нишаст дар як баст ва сохтмони муассисаи таълимии рақами 9 бо 640 ҷойи нашаст дар як баст идома дорад,- гуфт ӯ.

Ҳикмат Абдуллоев таъкид кард, ки дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи наздики 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ беш аз 40 синфхонаи иловагӣ таъмин бо ҷиҳози таълимӣ сохта шудаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *