Ҷоми ҷаҳонии футбол ва шигифтиҳо дар ин мусобиқа

20-уми ноябр дар кишвари Қатар Ҷоми ҷаҳонии футбол бо ширкати 32 дастаи беҳтарини дунё оғоз шуд. Бозиҳо дар 8 варзишгоҳи 5 шаҳри Қатар баргузор мешаванд.

Шигифтиҳо дар бозиҳои аввали мусобиқа зиёданд. Аввал ин ки, мухлисони қатариҳо — мизбонҳои мусобиқа аз бохти дастаашон дар бозӣ бо Эквадор шигифтзада шуданд. Ин бори аввал аст, ки мизбони мусобиқа дар бозии якум шикаст мехўрад. Валенсияи эквадорӣ дар бозии нахусти Ҷоми ҷаҳон-2022 ба дарвозаи Қатар 3 гол зад, аммо хет-трик нашуд, зеро як голи ўро ба ҳисоб нагирифтанд. Ин бозӣ бо натиҷаи 2:0 бар нафъи Эквадор ба анҷом расид.

Дар бозии дуюм, ки Англия бо Эрон бозӣ кард, аввалин шигифтӣ ин буд, ки бозигарони эронӣ суруди миллии кишварашонро насароиданд. Гуфта мешавад, ки ин эътироз ба ҳукумати кишвар ва ҳамраъйӣ аз эътирозгарон аст, ки чанд моҳ мешавад, дар сар то сари Эрон ва дигар кишварҳо садо баланд мекунанд. Шигифтии дигар ин буд, ки англисҳо ба дарвозаи Эрон 6 гол заданд. Ин буд, ки бо ҳисоби 6:2 пирўз шуданд. Зам шудани 24 дақиқаи изофӣ ба ин бозӣ аз шигифтиҳои дигари ин бозӣ буд, ки таърихи Ҷоми ҷаҳон ёд надорад.

Бозии сеюм ба назар шигифтие надошт, чун то даҳ дақиқаи охир дастаҳои Сенегал ва Нидерланд баробар бозӣ мекарданд, аммо сенегалиҳо дар охири бозӣ ду гол сар доданд ва бозиро бохтанд, ки ба ақидаи мухлисон, ин шикаст ҳаққашон набуд.

Шигифтии бозии чорум ин буд, ки аз ҷониби амрикоиҳо ба дарвозаи Велз писари президенти Либерия (кишвар дар ғарби Африқо) Ҷорҷ Веа — Тимотӣ Веа гол зад. Ба голи задаи ў Бейл аз пеналтӣ ҷавоб гардонд — 1:1.

Дар рўзи сеюми мусобиқа олами футбол аз кори арабҳо шигифтзада шуд, зеро онҳо ҳангома карда, Аргентинаро ба зону шинонданд. Арабистони Саудӣ бо натиҷаи 2:1 Месси ва ҳамдастаҳояшро шикаст дод. Кӣ бовар мекард?

Ду бозии дигари ин рўз бе шигифтӣ ва ҳангома ва ҳам бе задани гол ба охир расиданд, ки дар тақвими бозиҳо намебуданд ҳам, боке набуд. Мексика бо Лаҳистон ва Дания бо Тунис мусовӣ бозӣ карданд.

Шигифтӣ дар бозии чоруми рўзи сеюм ин буд, ки Австралия аввалин шуда ба дарвозаи чемпионҳои феълии ҷаҳон — Фаронса гол зад, аммо баъд Жиру бо Мбаппе ва Рабйо ҳисобро 4:1 карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *