Панҷакент: Нақшаи даъвати тирамоҳӣ пеш аз муҳлат иҷро шуд

Дар шаҳри Панҷакент иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расид.

“Бо роҳандозии корҳои тарғиботӣ ва ташкилию сафарбарӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, дар ҳамкорӣ бо комиссияи шаҳрии даъват, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарбии шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот, дар маҷмӯъ 480 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар карда шуданд”,-иттилоъ доданд ба Pressa.tj аз мақомоти шаҳри Панҷакент.

Гуфта мешавад, ки бештари даъватшавандагон бо хоҳиши худ хизмати Ватанро ихтиёр намуданд. “Ин аз баланд шудани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон шаҳодат медиҳад”,-иттилоъ дод манбаъ.

Имсол ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳои таваллудашон 1998–2007 аст, ҷалб карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *