Иштирок ва суханронии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар конфронси ЮНЕСКО
Рӯзи 31 октябри соли 2025 ҷаласаи Конфронси генаралии ЮНЕСКО идома ёфт. Имрӯз дар кори он Президенти Словакия ва вазирони як қатор кишварҳо ширкат намуданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссия доир ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин низ дар конфронс иштирок ва суханронӣ кард. Вай нақши ин созмони байналмилалиро дар пешрафти илм ва дигар соҳаҳо хеле муҳим арзёбӣ кард.
Сироҷиддин Мӯҳриддин дар идома нақши шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди илм, маориф ва фарҳанг таъкид намуд. Ба гуфтаи С.Мӯҳриддин таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва нақши фарзандони фарзонаи он дар пешрафти илм, адабиёт, санъат ва фарҳанг беназир мебошад.
-Имрӯз мехоҳам аз ин минбар дар бораи мероси фарҳангӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик чанд нуктаи муҳимро иброз намоям. Дар тӯли асрҳо сарзамини мо макони ташаккули яке аз тамаддунҳои куҳантарини ҷаҳон, аз ҷумла Суғд ва Бохтар буда, ин давлатҳои пурнуфуз аз марказҳои муҳими илму ҳунар, савдо ва фарҳанги давраи худ маҳсуб мешуданд. Дар арсаи илм ва фарҳанг, ниёгони фарзонаи мо, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Сино – шоҳсутуни илми тиб, Ал-Хоразмӣ – падари математика ва алгебра, Форобӣ – муаллими сонӣ ва “Арастуи Шарқ”; Абурайҳони Берунӣ – донишманди бузурги табиатшиносӣ ва ҷуғрофия, саҳми мондагор гузоштаанд,-гуфт Сироҷиддини Мӯҳриддин.
Вай тазаккур дод, ки дар адабиёт ва санъат низ чеҳраҳои намоён ба монанди Рӯдакӣ – асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик, Фирдавсӣ – муаллифи шоҳасари безаволи «Шоҳнома», Умари Хайём – файласуф ва шоири пурнуфуз, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ – шоирони ҷаҳонӣ, ки андешаҳои инсонпарваронаи онҳо то имрӯз садо медиҳанд, инчунин Борбади Марвазӣ – навозанда ва оҳангсози барҷастаи давраи Сосониёнро метавон номбар кард, ки поягузори суннатҳои мусиқии классикии тоҷикон ва яке аз бунёдгузорони силсилаи мусиқии Шашмақом маҳсуб меёбад.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромада, натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Таҷрибаи беш аз сисолаи ин ҳамкорӣ собит месозад, ки Тоҷикистон тавассути абзорҳои илм, маориф ва фарҳанг дар роҳи таҳкими сулҳу субот ва рушди устувор нақши фаъоле мебозад.
-Ҳифз ва тарғиби ёдгориҳои мероси фарҳангӣ ва табиӣ яке аз самтҳои асосии ин ҳамкорист. Ба таври хоса, рӯзи 12 июли соли 2025 ёдгориҳои “Хуттали Қадим” – давлати пуршукӯҳи асримиёнагӣ дар қаламрави вилояти Хатлон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Ҳамчунин, 27 сентябри соли 2025 дар ҷаласаи 37-уми Шӯрои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи «Инсон ва биосфера» дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин мамнуъгоҳи биосферии “Ромит” ҳамчун нахустин мавзеи Тоҷикистон ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО шомил гардид,-қайд намуд вазир.
Сироҷиддини Мӯҳриддин аз он ёдовар шуд, ки баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 815-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (7 июни соли 2024) ва Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» (11 июни соли 2025) дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж аз ҳаводиси муҳими фарҳангӣ мебошанд. Ба гуфтаи ӯ дар доираи бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар шаҳри Париж устодони санъати мусиқии Шашмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи хос тақдим намуданд. Намоиши ин мероси беназири мусиқии суннатӣ, ки ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҳанӯз соли 2008 ворид шудааст, бозгӯи амиқи фарҳанги маънавии тоҷикон ва саҳми онҳо дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
–Масъалаҳои глобалии беҳдошти обу иқлим аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дорад ва мо дар ҳамкорӣ бо шарикони худ пешбурди онро ба нафъи ҷомеаи байналмилалӣ фаъолона идома медиҳем. Дар зимн яке аз мушкилоти нигаронкунандаи сатҳи ҷаҳонӣ, ин обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Дар ин замина, 30 майи соли 2025 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе гардид, ки ба ташаккули “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамгироии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНЕСКО мусоидат намуд,-гуфт С.Мӯҳриддин.
Ба таъкиди ӯ Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамкории фаъолро бо ниҳодҳои байналмилалӣ ҷиҳати назорату мониторинги вазъу ҳолати пиряхҳои кишвар ва минтақа бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монад. Гуфта шуд, ки чунин ҳамкории муштарак аллакай бо ЮНЕСКО оғоз гардидааст ва кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки дар раванди татбиқи ин ташаббус марказҳои байналмилалии пажӯҳишӣ ва ҷонибҳои манфиатдор ҷалб карда шаванд.
-Мехостам қайд намоям, барномаҳое, ки ба монанди ГЛОФКА (GLOFCA) бо дастгирии ЮНЕСКО дар самти мониторинги криосфера дар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мегарданд, барои Тоҷикистон ва минтақа муҳим арзёбӣ карда мешаванд,-зикр намуд Вазири корҳои хориҷӣ С.Мӯҳриддин.
Бино ба суханони ӯ дар солҳои охир ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ҷиҳати рушди фанҳои табиатшиносӣ, технология, муҳандисӣ ва математика (STEM) тақвият ёфтааст. Барномаҳои махсуси такмили таҳсилоти босалоҳият ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар таълими фанҳои дақиқу техникӣ ва беҳтарсозии таълими касбӣ амалӣ мегарданд. Дар ин радиф, истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) ҳамчун самти нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ЮНЕСКО нақши муҳим дорад – он метавонад таҳсилоти инноватсиониро тақвият бахшида, таҳқиқоти илмиро рушд диҳад ва ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мусоидат кунад. Вай гуфт, дар доираи ин ҳамкорӣ, Тоҷикистон омода аст таҷрибаи ҷаҳонии ЮНЕСКО дар соҳаи этикаи зеҳни сунъӣ ва идораи масъулонаи онро ҷорӣ намояд.
-Қобили қайд аст, ки 25 июли соли 2025 Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, бо иттифоқи оро қабул намуд. Ташаббуси мазкур, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод гардида буд, қадами муҳиме дар самти истифодаи бехатар ва ахлоқии технологияҳои зеҳни сунъӣ ба шумор меравад,-қайд намуд С.Мӯҳриддин.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, ки ҳамкории минбаъдаи ин кишвар бо ЮНЕСКО метавонад имкониятҳои фароҳамро дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва муҳити зист ба манфиати насли имрӯз ва фардо боз ҳам густариш диҳад.
Дар Конфронси Генералии ЮНЕСКО намояндагони доимии чанд кишвари узви он, мисли Туркманистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Гаяна, Финландия, Банглодеш, Қазоқистон, Гвинея, Камерун, Бразилия, Лубнон ва дигарон суханронӣ карданд.
Дар конфронс Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат доранд.
Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар Самарқанд давом дорад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Самарқанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ