Панҷакент: Таҷовузи духтари 14 сола

Дар Панҷакент як донишҷӯи соли дуюми омӯзишгоҳи касбӣтехникиро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ дастгир кардаанд. Бино ба гузориши РВКД Суғд, З., соли таваллудаш 2001 бо хонандаи синфи 7 С., соли таваллудаш 2004 дар хонааш чанд маротиба алоқаи ҷинсӣ кардааст. Қонунҳои Тоҷикистон алоқаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғро таҷовуз ба номус арзёбӣ мекунанд.

Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд як бачаи 17-сола ба номуси духтари 14-сола таҷовуз кардааст.

Дар дасти сомонаи «Ахбор» ном ва насаби пурраи ҳарду ноболиғ аст, аммо бо далели ахлоқӣ аз ифшои номи онҳо худдорӣ мекунад.

Тибқи иттилоъи дарёфтӣ ноболиғ З., соли таваллудаш 2001, миллаташ тоҷик, донишҷӯи курси дуюми Омӯзишгоҳои касбӣ-техникии ш. Панҷакент бо хонандаи синфи ҳафтуми МТМУ №1 дар шаҳри Панҷакент С., соли таваллудаш 2004, миллаташ ӯзбек, ки ҳанӯз ба синни 15-солагӣ нарасидааст давоми моҳи август ва сентябри соли 2018 дар хонаи истиқоматияш якчанд маротиба алоқаи ҷинӣ намудааст.

Бино бар гузири РВКД дар вилояти Суғд бар зидди ноболиғ Шарифов Зафарҷон Шоҳмардонович аз 24-октябр бо моддаи 141 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд ватафтиши ҳодиса идома дорад.

Бознашр аз Ахбор

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *