Ҷасади духтарча аз ҷӯйбор пайдо шуд

Ҷасади Диана Ахмедоваи 8-сола дар ноҳияи Хиваи Ӯзбекистон баъди 21-рӯзи нопадид шудан аз дохил як ҷӯйбори ҳудуди ноҳияи мазкур пайдо шуд. Бо гумони куштор як пайванди Ахмедова боздошт шудааст.

Волидони ин кӯдак бештар аз се сол аст, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд. Ӯро бобову бибиаш тарбия мекарданд.

«Баъди он ки писари бародарам дар куштори кӯдак эътироф кард, мақомот ҷасади кӯдакро ҷустуҷӯ карданд. Оби ҷӯйборро бастанд, баъд ҷасад пайдо шуд», — гуфт Ахмед Якубов, бобои кӯдак.

Волидони Диана баъди шунидани хабари марги вай ба Ӯзбекистон баргаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *