Панҷакент: Оқибати офати табиӣ бартараф карда мешавад

3 майи соли равон ба асари боришоти бардавоми пуршиддат дар ҳудуди деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент аз тариқи сойҳои ҳудуди он сел омад.

“Сои селрави канори деҳаи Навобод аз селовардаҳо пур шуда,он ба қисмати роҳи мошингард ва боғу токзор, заминҳои кишти канорӣ даромад”,-иттилоъ доданд аз мақомоти шаҳри Панҷаент ба Pressa.tj

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодисаи нохуши табиӣ дар ҷаласаи таъҷилии Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, ки дар толори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ баъди боздид аз ҷои ҳодиса баргузор шуд, баррасӣ гардид.

Бо андешидани чораҳои фаврӣ роҳи нақлиётӣ тоза карда, равуои нақлиёт барқарор карда шуд.

Айни замон дар ҷойи ҳодиса беш аз 10 техникаҳои калонҳаҷми корхонаву муассисаҳо ва шаҳрвандон барои бартарафкунии оқибати офати табии сафарбар карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *