Дар Ёвон бар асари боронҳои пуршиддат замин фурӯ рафт
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, бар асари боронҳои шадид ва сел субҳи 3 май дар ҷамоати Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон замин фурӯ рафтааст.
Дар натиҷа як манзили истиқоматӣ пурра вайрон шуда, анбори ангишти як муассисаи таълимӣ осеб дидааст. Ҳамчунин, 9 хонаи дигар ва як бунгоҳи тиббӣ зери хатари фурӯравӣ қарор доранд.
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ сел як қисми каналро рахна карда, бахше аз роҳро хароб намудааст. Дар ин ноҳия чандин хона зери хатар қарор дошта, бархе сокинон ба ҷойҳои амн кӯчонда шудаанд.
Дар ноҳияи Панҷ сел ба заминҳои кишоварзӣ зарар расондааст.
Ёдовар мешавем, ки боронҳои рӯзҳои охир дар кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб талафоти ҷонӣ низ ба бор овардаанд.
Мақомот аз сокинон даъват мекунанд, ки дар чунин шароити обу ҳаво эҳтиёткор бошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ