Зиёдулло Шаҳидӣ – поягузори мусиқии симфонии тоҷик (видео)

Имрӯз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Ӯ 4-уми майи соли 1914 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи ҳунарпеша ва мутриби варзида таваллуд шудааст. Солҳои 30-юми асри гузашта ба Душанбе кӯчида, фаъолияти эҷодии худро идома дод.
Аз соли 1939 то 1952 роҳбари ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд ва ҳамчунин раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон низ фаъолият кардааст.

Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷумлаи аввалин нафароне буд, ки мусиқии миллии тоҷикиро бо мусиқии симфонии аврупоӣ пайваст. Операи машҳури ӯ «Комде ва Мадан» ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овард.

Ӯ 25-уми феврали соли 1985 аз олам даргузашт. Ёдаш гиромӣ бод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *