Сел дар Кӯлоб: 850 оила зарар диданд, барқарорсозӣ идома дорад
Дар пайи боришоти пуршиддат ва омадани сел дар шаҳри Кӯлоб 850 оила зарар дидаанд. Дар ин бора зимни ҷаласаи якуми ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои селу обхезӣ, ки бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Сарвазири кишвар ба масъулин дастур дод, ки аҳолии осебдида бо маводи сӯзишворӣ, оби нӯшокӣ ва нерӯи барқ сари вақт таъмин карда шаванд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ бояд ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.


Дар ҷаласа зикр шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳ кумакҳои яквақтаинаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои зарардида расонида мешаванд.
Гуфта мешавад, ки комиссияи ҷумҳуриявӣ фаъолияти худро оғоз карда, барои муайян намудани ҳаҷми пурраи хисорот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтори осебдида чораҳои мушаххас меандешад.
Мақомот мегӯянд, айни ҳол корҳои поксозии маҳалҳои зарардида, барқарорсозии сохтмонҳо ва расонидани кумакҳои аввалия ба аҳолӣ идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи боришоти шоми 1 май дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бар асари он се нафар ба ҳалокат расиданд. Инчунин, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ