Гулистон соҳиби мактаби нав мешавад

Дар деҳаи Гулистони шаҳри Панҷакент ба бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 санги асос гузошта шуд. Дар он раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода  иштирок намуд.

Дар маросими оғози сохтмони таълимгоҳ, ки дар ҳузури омӯзгорон ва сокинони деҳа сурат гирифт, гуфта шуд, ки бинои ҳозираи таълимгоҳ дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Бинои нав аз ду қабат иборат буда, барои ба таълим фаро гирифтани 480 нафар дар як баст пешбинӣ шудааст. Инчунин, он бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинони деҳа сохта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *