Боздошти зани 35-сола барои талаби $30 000 бо таҳдиди нашри наворҳои урён (видео)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 35-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки ба тамаъҷӯйӣ гумонбар дониста мешавад.

Манбаъ рӯзи 2-юми май хабар дод, ки гумонбар аз як марди 45-солаи шаҳри Хуҷанд барои нашр накардани аксу наворҳои маҳрамонааш дар интернет 30 ҳазор доллар талаб карда гирифтааст.

Боздоштшуда моҳи декабри соли 2025 бо мақсади тамаъҷӯйӣ расму наворҳои уриёни марди 45-соларо, ки ҳангоми муносибати маҳрамонаашон гирифтааст, тариқи “Вотсап” ба ӯ равон кардааст. Гумонбар мардро таҳдид кардааст, ки агар ба ӯ 30 ҳазор долар надиҳад, расму наворҳои маҳрамонаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунад.

Зани 35-сола бар ивази аз хотираи телефонаш нобуд сохтани тасвирҳои мард, 30 ҳазор доллари ҷабрдидаро гирифтааст.

Ҳоло алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣбоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *